COVID-19.ТОҶИКИСТОН: Дар суратҳисоби махсус 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазору 247 доллари ШМА маблағ ҷамъ шудааст

COVID-19.ТОҶИКИСТОН: Дар суратҳисоби махсус 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазору 247 доллари ШМА маблағ ҷамъ шудааст
Май 14
15:28 2020

Дар заминаи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-COVID-19, ки дар доираи амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли 2020 таъсис дода шуд, ҷиҳати расонидани кумак ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа суратҳисоби махсус таъсис дода шудааст.

Мувофиқи маълумоти охирин, дар суратҳисоби мазкур 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазору 247 доллари Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҷамъ шудааст.

Маблағи мазкур барои харидории таҷҳизот, маводи тиббӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид барои муолиҷаи беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID-19 истифода мешавад.

Ҳамзамон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-COVID-19 ҷиҳати амалисозии тадбирҳои нишонрас дар самти пешгирӣ ва муолиҷаи беморони гирифтори ин вирус ба таври шабонарўзӣ фаъолият дорад.

Акс аз бойгонӣ

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 87
  • 547
  • 359,026