Муқаддима

                Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ, ки 18 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дастовардҳо ва ҳуҷуҷҳои шахсони дорои маъюбиятро инъикос менамояд. Он ҳамчунин ба пешбурди фаъолият, шарикӣ, омори соҳа ҷиҳати таъмини тағйиротҳои дарозмуддат барои шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон ва мусоидат ба татбиқи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барои шахсони дорои маъюбият дар мутобиқат бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои то 2030 равона гардидааст.

Ҳамчунин, баргузории Форум имкон медиҳад, ки рушди фарогирии умумӣ ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардад.

Дар соли 2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020», ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 қабул гардид, аз бахшҳои гуногун иборат аст, шурӯъ намуд. Барномаи миллии мазкур дурнамо ва нақшаи амалро нисбати ҳуқуқҳои маъюбон, дастрасӣ ба хизматҳои сифатноки вобаста ба тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон таъмин намуда, фарогирии умумиро ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ то соли 2020 дастрас мегардонад. Ғайр аз ин, дар оғози соли 2018 Роҳбари давлати Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонид ва ба татбиқи он шурӯъ намуд.

Форуми байналмилалӣ имкон медиҳад, ки ҷараёни татбиқи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва баҳодиҳии таъсири Барномаи миллӣ ба ҳаёти одамони дорои маъюбият, оилаҳои онҳо баррасӣ гардад. Форум чорабиние мешавад, ки ба пешбурди масъалаҳои маъюбӣ ва ташкили майдони муҳокима бо иштироки намояндагони сатҳи баланди Ҳукумат, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, муассисаҳои махсуси Созмони Миллали Мутттаҳид. Ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, дигар шариколни рушд, ҳамчунин, васоити ахбори омма мусоидат хоҳад кард.

Дар баробари ин, дар кори Форум роҳбарону кормандони масъули вазорату идораҳо ва кумитаҳои гуногун иштирок намуда, аз ҷониби худ ба таҳкими минбаъдаи муҳити сиёсии фарогир ва татбиқи ҳуқуқҳои маъюбон дар Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Дар Форум масъалаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, рушди имкониятҳои иқтисодӣ, тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасони техникӣ, муҳити дастрас, омори маъюбон ва маблағгузории бахши маъюбӣ дар давоми 10 соли охир баррасӣ мегарданд.

Форум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ джар Тоҷикистон ва дар ҳамкории пайваста бо агентиҳои Созмони Миллали Муттаҳид, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд баргузор мегардад.

Дар Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ роҳбарони олии давлат, вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, дахлдор, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарон кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок менамоянд.

Мақсадҳои Форум:

– муаррифии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дорои маъюбият;

-инъикоси фаъолияти вазорату идораҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбони Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт;

-ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории байналмилалӣ ва нақши шарикони рушд оид ба масъалаҳои маъюбӣ;

-муайян намудани харитаи роҳи кишварӣ оид ба амали намудани муқаррароти Конвенсияи СММ Дар бораи ҳуқуҳои маъюбон ва Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Тоҷикистон;

Натиҷаҳои интизорӣ:

– Ҳисобот оид ба рафти иҷрои «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020;

– Ҳисобот дар бораи ҷараёни татбиқи онвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар Тоҷикистон;

таҳияи тадбирҳои миллӣ ва муштарак оид ба масоили маъюбӣ то соли 2030 дар мутобиқат бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ва Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон….

 

БАРНОМА

                Мӯҳтавои Барномаи Форумро қисматҳои ифтитоҳи расмӣ, 2 ҷаласаи пленарӣ ва 4 ҷаласаҳои ҳамрадиф (паралелӣ), муҳокимаи масъалаҳо, саволу ҷавоб ва барномаи фарҳангии шахсони дорои маъюбият ташкил медиҳад.

Мавзуъҳои асосии дар Форум баррасишаванда инҳо мебошанд:

– ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди имкониятҳои иқтисодӣ;

– тандурустӣ;

– маориф;

– тавонбахшӣ, воситаҳои техникии ёридиҳанда ва инноватсия;

– махзани ягонаи маълумот ва иттилоот оид ба маъюбӣ ва маблағгузории бахши маъюбӣ;

– муҳити дастрас.

Забонҳои Форум

                Забонҳои кории Форум тоҷикӣ ва англисӣ буда, тарҷумаи синхронӣ таъмин карда мешавад. Тарҷума ба забони русӣ ва дигар забонҳои расмии СММ, забони ишора ва субтитр низ мувофиқи имконият таъмин мегардад.

Муддат ва ҷойи баргузорӣ

                Форум рӯзи 18 октябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тољикистон» шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

                Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 18 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории Форум баррасии вазъи масоили марбут ба шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон, шарҳи раванди иҷрои «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020», раванди ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, нақши созмонҳои ҷаҳонӣ, ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии ҳуқӯқ ва манфиатҳои шахсони маъюб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин таҳияи стратегияи кошварӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ барои 10 соли оянда бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувор ва стратегияҳои миллии кишвар, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба рушди ҳарнакати маъюбӣ дар Тоҷикистон ва омодасозии ниҳодҳои Тоҷикистон баҳри ҳарчӣ зудтар ба тасвиб расонидани Конвенсия Дар бораи ҳуқӯқҳои маъюбон мебошанд.

Форум дар сатҳи баланд ба нақша гирифта шуда, дар кори он иштироки намояндагони сатҳи баланди давлатӣ, ҳукуматӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагон ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Миллали Муттаҳид, дигар шарикони рушд, намояндагони маъюбон ва васоити ахбори омма баргузор хоҳад гардид.

Дар доираи баргузории Форум таҳия ва нашри «Маҷмӯаи фишурдаҳои баромадҳо, маърӯзаҳо ва дигар рӯнамоиҳои марбута оид ба масъалаҳои солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон» ба нақша гирифта шудааст. Масъалаҳое, ки дар рафти Форум баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд, аз инҳо иборатанд:

– ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди имкониятҳои иқтисодӣ;

– тандурустӣ;

– маориф;

– тавонбахшӣ, воситаҳои техникии ёридиҳанда ва инноватсияҳо;

– махзани ягонаи маълумот ва технологияҳои иттилоотӣ оид ба маъюбӣ;

– маблағгузории бахши маъюбӣ;

– муҳити дастрас.

 

Кумитаи тадорукот дар робита ба баргузории Форум аз ҳамаи хоҳишмандон-мутахассисони соҳавӣ, кормандони иҷтимоӣ, олимон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои хориҷию ватанӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар алоқамандони мавзӯи мавриди назар даъват ба амал меорад, ки дар сурати хоҳиши иштирок намуданатон дар кори конференсия метавонед бо муҳтавои Барномаи форум дар сомонаи интернетии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.moh.tj шинос гардида, дархости худро тавассути почтаи электронии info@moh.tj ва kamolendos@mail.ru ё ndzhafarov@gmail.com пешниҳод намоед.

Муаллифони маърӯзаву мақолаҳо ва ё баромадҳо (дар шакли презентатсияҳо) баъди азназаргузаронӣ ва таҳлили маводҳои ҷамъшуда, вобаста ба дараҷаи муҳимияти маводи ирсолгардида метавонанд дар ҷаласаи ҳамрадиф (сессияҳои пленарӣ) фаъолона иштирок намоянд.

Маводҳо ва ё фишурдаи онҳо аз ҷониби Кумитаи тадорукот то санаи 1 августи соли 2019 қабул карда мешаванд. Фишурдаҳои пас аз мӯҳлати муайяншуда ирсолшуда ва ба талаботи қоидаҳои ороиш ҷавобгӯй набуда барои нашр қабул карда намешаванд.

 

ҚОИДАҲОИ ТАҲИЯИ ФИШУРДАҲО

                Ҳаҷми фишурда: 1-2 саҳифаи А4, майдонҳои болою поён ва чапу рост 2 см. Ҳуруф Times New Roman (Times New Roman Tj барои мақолаҳо бо забони тоҷикӣ) – 12 пт, баъд аз 1 фосилагӣ (интервал) бо нусхаи электронӣ пешниҳод карда мешаванд. Ҷадвалҳо ва расмҳо дар фишурда ҷой дода намешаванд. Шумораи муаллифон аз 3 нафар зиёд набошад.

Дар оғози фишурда номгӯй (бо ҳуруфи калон), аз сари хат ному насаби муаллифон, дар сархати дигар номгӯи муассисаи пешниҳодкунанда бояд дарҷ гардад. Дар номгӯйи фишурда ба ихтисорот роҳ дода намешавад. Дар анҷоми фишурда маълумотҳо оид ба тамос бо муаллифи аввал (асосӣ) дарҷ карда шавад.

Сохтори фишурда бояд аз муқаддима (муҳимият), мақсад, мавод ва услубҳо, натиҷа ва пешниҳодот, инчунин хулоса иборат буда, атрофи масъалаҳои баррасишаванда ва мутаалиқ ба Форум нигаронида шуда бошанд.

Фишурдаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қабул карда мешаванд.

 

                Фишурдаҳоро лутфан ба суроғаҳои электронии зерин ирсол намоед:

– kfarhangy@mail.ru;

– kamolendos@mail.ru;

ndzhafarov@gmail.com.

 

Маълумот барои тамос бо шахсони масъули Кумитаи тадорукот:

– Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Қудратулло Бобихолович, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Суроға: 734025, ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко 69, тел.: +992 37 2232205; тел. моб.: +992 904545455.

– Дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», Пулотов Камолҷон Ҷамолиддинович*, Ҷафаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич.

Суроға: 734025, ш. Душанбе, кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев 270а, тел: +992 37 501179; тел.моб: +992 938454509, +992 907815598.

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 177
  • 444
  • 200,061