COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 495 нафар расид

COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 495 нафар расид
Март 25
11:13 2020

Дар Россия 57 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19 ошкор гардид ва шумораи умумии онҳо дар ин давлат ба 495 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти имрӯза, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) низ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 79, 55 ва 42 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Арманистон шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 265, дар Молдова ба 125, дар Украина ба 113 ва дар Озарбойҷон ба 87 нафар расид.

Дар Беларус шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, 81 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи бемороне, ки дар фазои ИДМ шифо ёфтаанд, низ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар Беларус 22 нафар, дар Россия – 22, дар Арманистон – 14, дар Озарбойҷон – 10, дар Молдова — 2 ва дар Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд.

Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолати фавт ва дар Украина се ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус ба 74 нафар расида, аз миёни онҳо 1 бемор шифо ёфт ва 1 тани дигар вафот кард.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 422 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 18,9 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 109 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 13 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Шумораи кишварҳо ва ҳудудҳои паҳншавии сироят меафзояд. СУТ имрӯз дар бораи беш аз 190 давлат ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (81218), Италия (69176), ИМА (54914), Испания (42058), Германия (32991), Эрон (24811), Франсия (22304), Швейтсария (9877), Кореяи Ҷанубӣ (9137) ва Великобритания (8077) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз Газета.ру

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 70
  • 125
  • 343,546