Вазъи стоматологияи кӯдакона баррасӣ гардид

Вазъи стоматологияи кӯдакона баррасӣ гардид
Июн 01
09:00 2019

Бо мақсади таҳлилу баррасии вазъи стоматологияи кӯдакона дар кишвар ва инчунин бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола дар сар то сари олам 1 июн таҷлил мегардад, таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода нишасти корӣ баргузор гардид, ки дар он масъулини марбутаи соҳа иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур қайд гардид, ки  стоматологияи кӯдакона яке аз бахшҳои бо суръат рушдкунандаи стоматологияи умумӣ баҳисоб рафта, фаълияти он пеш аз ҳама ба таъмини хизматрасонии устувори стоматологӣ ба кӯдакон ва наврасон равона карда шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 5 сохтори стоматологии кӯдакона, аз ҷумла шӯъбаи кӯдакона дар муассисаҳои давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй”, шӯъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй кӯдакона дар “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ба 20-кат, 2-дармонгоҳи стоматологияи кӯдакона дар шаҳри Душанбе, 1-дармонгоҳӣ стоматологии кӯдакона дар вилояти Суғд (шаҳри Хӯҷанд), дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2-ҳуҷраи стоматологияи кӯдакона, дар вилояти Хатлон 4-ҳуҷраи стоматологияи кӯдакона ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як ҳуҷраи стоматологияи кӯдакона фаъолият менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй  дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар пойгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” фаъолият дорад, ки айни ҳол 8 нафар ординатори клиникӣ таҳсил доранд. Дар ин кафедра ҳам таҳсилоти то дипломӣ ва ҳам баъдидипломӣ гузаронида мешаванд. Дар кафедра 10 нафар омӯзгорон фаъолият дошта, 4 нафарашон номзади илми тиб мебошанд.

Мувофиқи омори Муасиссаи давлати “Маркази ҷумҳуриявии Омор ва иттилиооти тиббӣ” айни ҳол дар ҷумҳурӣ 134 табиб-стоматологи кӯдакона, аз он ҷумла 11 нафар табиб-ортодонт фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии табибони стоматологи кӯдакона 58,9% дар ш. Душанбе 11,2% дар вилояти Хатлон, 20,1% дар вилояти Суғд, 8,2% дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 1,5% дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор ва фаъолият менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 200
  • 1,263
  • 841,949