“Беҳтарсозии идоракунӣ ва нигоҳдории таҷҳизотҳои тиббӣ”

“Беҳтарсозии идоракунӣ ва нигоҳдории таҷҳизотҳои тиббӣ”
Июн 10
07:56 2019

7-уми июни соли равон дар меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ (GIZ) таҳти унвони “Беҳтарсозии идоракунӣ ва нигоҳдории таҷҳизотҳои тиббӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар муовинони  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, Шарикон оид ба рушд, инчунин роҳбарони як қатор раёсат ва муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани муқаддимавӣ ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ аст, ки асоси он дар хизмати соҳаи тиб қарор додани технология ва таҷҳизоти ҳозиразамон ва тайёр намудани мутахассисон мебошад.

-Ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ҳадафи асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муҷаҳҳаз гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва бо ин васила баланд бардоштани  сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мебошад,-афзуд ӯ.

Дар идомаи мизи мудаввар дар мавзӯи “Вазъи муҷаҳҳазнокии муассисаҳои тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташаккули заминаи моддию техникӣ” Дилором Содиқова, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин оид ба “Таҳияи Консепсия оид ба нигоҳдорӣ ва истифодабарии таҷҳизотҳои тиббӣ” Ҷураев С., директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ  ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ” баромад намуданд.

Гуфта шуд, ки хушбахтона бо дастгириҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир як силсила дастгоҳҳои муосири тиббӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардиданд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати ташхису табобати беморон мунтазам беҳтар шуда истодааст.

Аз ҷумла, танҳо дар панҷ соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда ва махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номгӯи зиёди таҷҳизоту молҳо ва ашёҳои тиббии муосир харидорӣ ва ба муассисаҳои табобатию пешгирӣ дастрас гардид, ки ин барои ташхис ва муолиҷаи саривақтии беморон ва осон кардани  кори мутахассисони соҳа заминаи мусоид гузоштааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 179
  • 1,263
  • 841,928