Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд (АКС)

Лоиҳаи USAID  оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд  (АКС)
Ноябр 26
12:22 2019

Имрӯз, 26 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Серена” Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)  фаъолияти Лоиҳаи навро оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар ҷараёни муаррифии лоиҳа намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева,   Директори намояндагии USAID  дар  Осиёи Марказӣ Кристофер Эдвардс, Директори USAID дар Тоҷикистон Пол Ричардсон,  шарикони рушд, намояндагони ташкилот ва муассисаҳои вобастаи соҳа иштирок намуданд.

Дилором Содиқова, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки  пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи силшиносӣ чун дигар соҳаҳои тандурустӣ рушду пешрафт намуд. Ҳамзамон, дар ин давра шартномаҳои корӣ  бо дигар кишварҳо оид ба  коҳиш додани бемории сил ба имзо расиданд.

Директори намояндагии USAID дар Осиёи Марказӣ Кристофер Эдвардс  зимни муаррифии лоиҳаи мазкур қайд намуд: “Ҳукумати ИМА уҳдадор  аст, ки ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати расонидани иттилоот ба ҳар як шахс дар бораи бемориии сил, табобати шахсони эҳтиёҷманд ва пешгирии паҳншавии ин беморӣ дастгирии худро пешниҳод намояд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки имрӯз аксар беморхонаҳои сили вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва татбиқи лоиҳаҳои нав имкон медиҳад, ки дарёфти беморон зуд ва осон гардида, ҳамзамон, хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтару хубтар ба беморон расонида шавад. Яке аз ҳадафҳои барномаҳои миллию соҳавӣ баланд бардоштани сатҳи донишу фаҳмиши  аҳолӣ нисбат ба бемории сил мебошад.

Дар ҷараёни муаррифии лоиҳа аз ҷониби Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)  ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификат тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 691
  • 1,263
  • 842,440