Баррасии масъалаҳои вобаста ба инкишофи бармаҳали кӯдак (АКС)

Баррасии масъалаҳои вобаста ба инкишофи бармаҳали кӯдак (АКС)
Декабр 02
13:07 2019

Имрӯз, 2 декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии ҳуқуқи кӯдак дар синни бармаҳал, мустаҳкам намудани система ва инчунин васеъ намудани доираи ҳуқуқ ва имкониятҳои оила ҷиҳати ҳавасманднамоӣ, махсусан дар 1000 рӯзи аввали тиллоии камолоти кӯдак оид ба инкишофи бармаҳали кӯдакон, ки он мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро барои баррасии мавзӯъҳои мубрам даъват менамояд, вохурии машваратӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии машваратӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода, мутахассисону коршиносони соҳа, шарикони рушд иштирок намуданд.

Қабл аз оғози вохӯрии машваратӣ  намоишгоҳи дастурамал, аксу мусаввара ва маводҳои дар ин самт ба нашр расида доир карда шуд.

Дар намоишгоҳ ташкилоту муассисаҳо маҳсули эҷоди хешро дар сатми инкишофи барвақти кӯдак ва дигар паҳлӯҳои соҳа ба намоиш гузоштанд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ вохӯрии машваратиро ҳусни оғоз бахшида, доир ба мақсад ва ҳадафҳои чорабинӣ ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъ мухтасар ибрози назар намуд.

Дар идомаи вохӯрии машваратӣ коршиносони соҳа бо маърӯзаҳои хеш баромад намуда, оид ба паҳлӯҳои гуногуни соҳа ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои баррасишуда  миёни баромадкунандагон ва иштирокчиён бахши саволу ҷавоб доир гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 960
  • 1,263
  • 842,709