Машварати расмии шарҳи якҷояи соли нуҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» (Саммит-9) баргузор гардид (АКС)

Машварати расмии шарҳи якҷояи соли нуҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» (Саммит-9) баргузор гардид  (АКС)
Декабр 06
11:00 2019

5 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” машварати расмии Шарҳи якҷояи соли нуҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» (Саммит-9) баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои умумӣ ва мушкилоти татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва саҳми шарикони рушд таҳлил карда шуданд.

Дар кори ҷаласаи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, намояндаи Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева,  шарикони рушд, намояндагони як қатор идора ва вазоратҳо, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазорат ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Ҷаласа бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ба шумор рафта, он таҳти таваҷҷӯҳи доимии  Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳои соҳаро сол аз сол мунтазам зиёд намуда истодааст. Дар солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки мақсади асосии онҳо ба талаботи замон мувофиқ гардонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  мебошад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим зимни баромади хеш қайд намуд, ки дар арафаи ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории машварати имрӯзаи мо фоли нек ва рамзнок аст, зеро ҳамасола паёмҳои Сарвари давлат барои ҳар як фарди ҷумҳурӣ роҳнамои корӣ маҳсуб ёфта, имкониятҳои моро ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки нерӯҳои мавҷуда барои баланд бардоштани иқтидори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти давлат васеъ менамояд.

-Бояд зикр намоям, ки масъалаҳои ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии аҳолӣ дар баробари 4 афзалиятҳои стратегии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари амалҳои давлат дар самти баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон дар мадди аввал қарор доранд. Танҳо давоми 11 моҳи соли равон мавриди муҳокимаи пайваста ва тасфири дақиқ қарор додани ҷанбаҳои гуногуни хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба ҳар як қишри ҷомеа дар ҷаласаю машваратҳои шӯроҳои амният, ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои сил, вируси норасоии масунияти одам, вараҷа, мубориза бо нашъамандӣ ва ғайра дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат ба масъалаҳои иҷтимоӣ шаҳодат медиҳанд,-афзуд ӯ.

Ҳамзамон бо сухани ифтитоҳӣ Пратибҳа Меҳта, роҳбари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Галина, Перфилева, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Дар идома оид ба дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар марҳилаи соли нуҳуми амалисозии  “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2019” муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.

Дар ҷараёни машварати расмии Шарҳи якҷояи соли нуҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» (Саммит-9) бо ҳузури муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Дилором Содиқова, роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева, сардорони як қатор раёсатҳо ва доираи васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО атрофи самтҳои гуногуни «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ба масъулин саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар чорабинӣ махсус қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019  барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббию иҷтимоии муосир ва муқтадир  корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Хурсандиовар аст, ки солҳои охир дар пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ баргузор гардиданд.

Аз ҷумла имсол бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кишвар чорабиниҳои зиёде вобаста ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба монанди Конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, конференсияҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами сироят бо вируси норасоии масунияти одам, бемории сил, норасоии ғизо, вобаста ба кори ҳамширагӣ ва ғайра гузаронида шуданд ва боз баргузории Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои тавонбахшии маъюбон, Конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тандурустии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин такмил ва рушди кумаки аввалияи тиббию санитарии ба тибби оилавӣ асоснокшуда ба шумор меравад.

Дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ», марказҳои вилоятӣ ва шӯъбаҳои байниноҳиявӣ 788 нафар кормандони тиб (80 нафар табиб ва 708 нафар корманди миёнаи тиб) давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ хатм намуданд. Дар баробари ин, 308 нафар бозомӯз, ки аз онҳо 33 нафар табиб ва 394 нафарашон корманди миёнаи тиб мебошанд таҳсилро дар даврҳои бозомӯзиро идома дода истодаанд. Давраҳои такмили ихтисосро 954 нафар мутахассисони тибби оилавӣ, аз он ҷумла 372 нафар табибон ва 588 нафар кормандони миёнаи тиб хатм намуданд.

Дар маҷмӯъ, айни ҳол шумораи табибони оилавии омӯзонидашуда дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 4 283 нафар (80,3%, талабот 5333 нафар) ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 7704 (72,2%, талабот 10 667 нафар) нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади рушди соҳаи рақамикунонии тандурустӣ дар кишвар бо дастгриии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҳамкорон оид ба рушд Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сифат Иннотех Инвест” дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ” ва дигар сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муфиди ҳамкориро марҳила ба марҳила амалӣ мегардонанд.

Лозим ба зикр аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сифат Иннотех Инвест” соли 2018 таъсис дода шуда, таҳти шиори “Ҳамкорӣ ба хотири таъсис додани Тоҷикистони рақамӣ” фаъолияти хешро муваффақона пеш бурда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дар соҳаи навсозии технологияҳои муосир инкишоф меёбад. Бояд қайд кард, ки пешрафти кишвари мо аз сатҳи баланди рушди иқтисодӣ вобаста аст. Асри 21 на танҳо асри технологияҳои компютерӣ, балки инкишоф ва фаъолгардонии «шаҳрҳои доно», технологияи блоки блокчейн, чопи узвҳои инсонӣ дар 3D принтерҳо ва телетиб, инчунин марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани интеллекти сунъӣ дар тамоми соҳаҳои рушди кишварҳои ҷаҳон мебошад. Рушди технологияҳои муосир, таҷҳизоти муосири электронӣ ва мобилӣ, интиқоли таъмини барномавӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ ва ҷорӣ намудани саривақтии навовариҳои технологӣ яке аз афзалиятҳои ҳар як кишвар ба ҳисоб рафта, ин омил кафолати рушд ва пешрафти ҷомеа хоҳад буд.

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур дар 11 моҳи соли 2019 давом дода шуд.

Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 676 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 44 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 11 моҳи соли 2019 бошад, ба 108 нафар бемор (дар 11 моҳи соли 2018 – 104 бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 44 нафар (дар 11 моҳи соли 2018 – 32 бемор) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.

Инчунин, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхиси ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвадсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 12 нафар бемор амалиёти пайвадсозии мағзи устухон гузаронида шудааст. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 125 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 29  нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 41 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 31 нафар аз Исроил ва боқимонда аз ҷумҳуриҳои мухталиф – давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд. Дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» то имрӯз ба 78 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст, ки 9 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар 11 моҳи соли 2019 дар муассисаи мазкур ба 17 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.

Дар 11 моҳи соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» дар маҷмӯъ 1645 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар 11 моҳи соли 2018 – 1512) 1586 амалиёти ангиография (дар 11 моҳи соли 2018 – 1221) ва 539 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар 11 моҳи соли 2018 – 373), инчунин, дар муассисаҳои тиббии мамлакат, дар 11 моҳи соли 2019 ба 172 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар 11 моҳи соли 2018 – 175) гузаронида шудаанд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ ва татбиқи босамари «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023», нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ дар самтҳои гуногуни бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ барои соли 2019 таҳия гардида, айни ҳол мавриди амал қарор доранд.

Ҷиҳати амалисозии босамари Дурнамо, вобаста ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ – 7 апрел дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии марказонидашуда баргузор гардид, ки дар ин муассиса ва ҳамзамон дар тамоми муассисаҳои тиббии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷониби устодону профессорон, мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода шуд.

Давоми соли ҷорӣ бо ҷалби сармутахассисони соҳавии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ «Корвони саломатӣ» ташкил ва ба шаҳрҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарбар карда шуд. Дар баробари ташхису муоина ва тавсияҳои зарурӣ, мутахассисон дар байни аҳолӣ сӯҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Ҷиҳати нигоҳдошти солимии аҳолӣ тавассути тарғиби ғизои солим, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим 2 октябри соли 2019 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024”, ки аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия ва пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои баррасӣ пешниҳод гашта буд, тасдиқ карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи беморони гирифтори гепатитҳои вирусӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ ва ҳуҷраҳои Маркази мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъолият намуда истодааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 4 то 7 марти соли 2019 чорабинии марказонидашудаи иттилоотию ташхисии «Корвони саломатӣ» таҳти шиори «Солимии модар ва кӯдак дар деҳот» баҳри баланд бардоштани маърифат ва маълумотнокии аҳолӣ оиди аломатҳои хатарноки давраи ҳомиладорӣ, саривақт ошкоркунии занони ҳомиладор бо аворизҳои ҳомиладорӣ, фарогирии онҳо бо табобат ва пешгирии фавти модар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷа 77069 нафар занону кӯдаконро аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонида шудааст.

Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2018 таҳти №994 «Дар бораи ба танзим даровардани амалиёти хатна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, айни ҳол дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 580 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил карда шудааст ва дар 11 моҳи соли 2019 ба 74694 нафар кӯдакон ба таври ройгон амалиёти хатна гузаронида шудааст.

Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми 9 моҳи соли 2019 нишон медиҳад, ки бемориҳои вараҷа, сироятҳои ниҳоят хавфнок ба монанди вабо ва тоун ба қайд гирифта нашудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таҳия, ҳамоҳангӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар  давраи ҳисоботӣ 10 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия намуда, барои мувофиқа бо вазорату идораҳо, инчунин барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Дар давоми 9 моҳи соли соли 2019 ба баррасии  ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор масъалаи марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: “Дар бораи рафти иҷрои механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” (интихобан дар 10 шаҳру ноҳия), “Дар бораи омодагӣ ба мавсими навбатии табобати санаторию курортӣ дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фаъолияти осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо дар ин самт”, “Дар бораи  рафти иҷрои “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон”ва “Дар бораи раванди ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон ва меёрҳои муқаррар намудани маъюбӣ” таҳия ва мавриди муҳокима қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, вобаста ба дархости Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъ ва шароити зисту зиндагии оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд ва маъюбони ғайри қобили амалро нигоҳбин менамоянд, таҳлил гузаронида, рӯйхат ва шумораи  занону мардонеро, ки дар тарбияташон кӯдакони маъюб доранд, дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тартиб дода, пешниҳод гардонида шуд.

Дар соли 2019 нақшаи буҷети соҳаи тандурустӣ 1 миллиарду 740 миллиону 536 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 2018 12,2% ё ин, ки 189 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2,2% ва нисбати ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 7,2%-ро ташкил медиҳад.

Давоми нуҳ моҳи соли 2019 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 44  адад марказҳои саломатии деҳотӣ ба маблағи умумии 24 миллиону 25 ҳазор сомонӣ ва 78 адад бунгоҳҳои саломатӣ ба маблағи умумии 14 миллиону 253 ҳазору 300 сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, соҳибкорон, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва тариқи ҳашар сохта ба истифода дода шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи тандурустӣ 23 созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, 32 комиссияҳои байниҳукуматӣ амал менамояд. Бо мақсади иҷрои созишномаҳои баимзорасида дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва иҷрои бандҳои протоколҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ дар якҷоягӣ бо  раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳар семоҳа ахборот ба вазорату идораҳои масъули ҷумҳурӣ ирсол мегардад.

Дар охири машварати расмии шарҳи якҷояи соли нуҳуми татбиқи «Стратегияи  миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» резолютсияи он қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 194
  • 1,263
  • 841,943