СУТ: нахустин озмоишҳои ваксинаҳо бар зидди коронавирус оғоз гардид

СУТ: нахустин озмоишҳои ваксинаҳо бар зидди коронавирус оғоз гардид
Март 19
13:50 2020

Мутахассисон озмоиши нахустини ваксинаи коронавируси COVID-19 –ро оғоз намуданд,  гуфт  роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  Тедрос Адханом Гебрейесус. Дар ин бора  хадамоти матбуотии ин созмон хабар  медиҳад.

«Нахустин озмоиши ваксина ҳамагӣ баъди 60 рӯз  пас аз омӯзиши ирсияти мураттаби коронавирус оғоз шуд. Ин як дастоварди бемисл аст»,- изҳор  намуд Гебрейесус дар нишасти матбуотии СУТ дар Женева.

Ӯ изҳор намуд, ки СУТ ва шариконаш дар аксар кишварҳо барои муқоисаи усулҳои табобати  то ҳол носанҷидаи  COVID-19 озмоишҳо  барпо мекунанд. Ба қавли ӯ, ба ин тадқиқот кишварҳои Аргентина, Баҳрайн, Канада, Франсия, Эрон, Норвегия, Африкаи Ҷанубӣ, Испания, Швейтсария ва  Тайланд  ҳамроҳ  шудаанд. Гебрейесус итминони комил дорад, ки бо чунин тадқиқот  метавон самараноктарин усули муолиҷаро дарёфт.

Дар тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 214 ҳазор  нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд,  ки аз ин 83 ҳазор нафар сиҳат ёфта, зиёда аз 8 ҳазор кас вафот кардаанд.

Акс:  © AP/TASS

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,183
  • 1,168
  • 841,669