Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Май 01
09:27 2020

30 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои 2012-2019 аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ ҳамагӣ 207 миллион сомонӣ ва бо ҷалби сармоягузории давлатии хориҷӣ 840 миллион сомонӣ равона гардид.

Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти марбута оид ба татбиқи тадбирҳои мақсадноки Барнома дар соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 27, 7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2012 9,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Аз рӯи нишондодҳо бармеояд, ки ҳоло ҳам иқтидорҳои агросаноатии кишвар баҳри таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ пурра истифода нагардида истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари Барномаи ислоҳоти  кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида, аз ҳамаи имкониятҳо пурсамар истифода баранд.

Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022, Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Гулистони вилояти Суғд шахсони масъул гузориш доданд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва пешниҳоди хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии гендерӣ”-ро баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ, кишту кори баҳорӣ, кишти такрорӣ, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо доир ба тезонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозаю озода кардани муҳити зист ва дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, иҷрои тадбирҳои санитарию гигиенӣ, тамизкунии кӯчаю хиёбон, иншоотҳо, манзилҳои зист, баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум барои риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва иҷрои маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб, дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 143
  • 1,263
  • 841,892