Роҳбарони беморхонаҳои «Истиқлол» ва ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе нав шуданд

Роҳбарони беморхонаҳои «Истиқлол» ва ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе нав шуданд
Май 06
12:07 2020

Бо назардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидани Ҷамолиддин Абдуллозода, бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ,  Рустам Хуршедзода аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов» озод гардида, ба мансаби директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» таъйин гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин Фаррух Маҳмадзода аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» озод ва ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов» таъйин  карда шуд.

 

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,016
  • 1,263
  • 842,765