«Синхуа»: То пурра аз байн бурдани хатари эпидемия, Чин ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон буд ва мемонад, — Вазири корҳои хориҷии Чин

«Синхуа»: То пурра аз байн бурдани хатари эпидемия, Чин ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон буд ва мемонад, — Вазири корҳои хориҷии Чин
Май 08
10:12 2020

«Ҳамчун шарики стратегии ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, то пурра аз байн бурдани хатари эпидемия, Чин ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон буд ва мемонад», — гуфт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И зимни суҳбати телефонӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин. Дар ин бора Агентии давлатии иттилоотии Чин «Синхуа» хабар медиҳад.

Бино ба иитилои манбаъ, зимни суҳбат Ван И изҳор доштааст, дар ин лаҳзаи душвор, ки мубориза бо эпидемияи сирояти коронавирус ҷараён дорад, ҳарду давлат табодули саривақтии афкорро анҷом медиҳанд ва ин рӯҳияи дӯстонаи ҳамбастагии ду давлати бародарро комилан таҷассум менамояд. Тоҷикистон ҳамсояи нек ва дӯсти Чин аст ва ҳатто қабл аз паҳн шудани эпидемияи беморӣ дар Тоҷикистон, намояндагони доираҳои мухталифи ҷомеаи Чин ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди воситаҳои зарурии мубориза бар зидди эпидемияро шурӯъ карда буданд.

«Ҳоло, ки Тоҷикистон дучори эпидемия шудааст, Чин ба таври фаврӣ як гурӯҳи кории муштаракро, ки гузаронидани видеоконфронсро байни мутахассисони соҳаи тиб ва ҳамкорони онҳо роҳбарӣ мекунад, ба Тоҷикистон мефиристад. Инчунин ҶМЧ интиқоли кумаки навбатиро ба Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд. Чин омода аст, ки мубодилаи тиҷоратиро бо Тоҷикистон ба хотири нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ ва рушди кишвар густариш диҳад. Чин ба Тоҷикистон барои дастгирии шаҳрвандони Чин, ки дар ин кишвар қарор доранд, ҷиҳати фароҳам сохтани шароити кор ва зиндагии рӯзмарра изҳори сипос менамояд. Ҷониби Чин инчунин ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Чин зиндагӣ мекунанд, идома хоҳад дод. Ҳамчун шарики стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, то пурра аз байн бурдани хатари эпидемия, Чин ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон буд ва мемонад», — иброз намудааст Ван И.

«Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ изҳор доштааст, ки Тоҷикистон саъйю талошҳои зиёдеро, ки Ҳукумат ва мардуми Чин дар мубориза бар зидди ин эпидемия анҷом доданд, баланд арзёбӣ мекунад. Чин механизми муассири пешгирӣ ва назорати муштараки бемориро таҳия намуда, дар мубориза алайҳи эпидемия ба дастовардҳои муҳим ноил гаштааст ва ба кишварҳои дигар низ фаъолона кумак мерасонад. Тоҷикистон ба ҷониби Чин барои дастгирӣ дар давраи ҳасос барои кишвар изҳори сипос менамояд. Ҷониби Тоҷикистон барои таъмини саломатӣ ва амнияти шаҳрвандони Чин дар қаламрави худ чораҳои қатъӣ меандешад. Тоҷикистон омода аст, ки ҳамкориро бо Чин густариш дода, рушди муназзами муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чинро нигоҳ дорад», — менависад АИ «Синхуа».

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И 5 май суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Зимни суҳбати телефонӣ  муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар арсаҳои гуногун дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷониба ва иқдомҳои муштараки ду кишвар дар самти мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 баррасӣ шуданд.

ДАР АКС: Табибони чинӣ тавонистанд бар коронавирус ғолиб оянд/ Акс аз: Liu Fang / Fan Xianhai / Global Look Press

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 234
  • 1,263
  • 841,983