Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
Май 16
08:22 2020

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 майи соли 2020 №272
ш. Душанбе

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии
санитарию эпидемиологӣ

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ, номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба миқдори 36 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

3. Ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ иҷозат дода шавад, ки ду муовини сардор дошта бошад.

4. Барои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар карда шавад.

5. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

6. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №597 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» тағйироти зерин ворид карда шавад:

— дар банди 2 рақамҳои «180» ва «95» мувофиқан ба рақамҳои «144» ва «72» иваз карда шаванд;

— дар банди 4 рақами «7» ба рақами «4» иваз карда шавад.

7. Ба Низомномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №597 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

— дар банди 1 калимаҳои «, фармасевтӣ ва санитарию эпидемиологиро» ба калимаҳои «ва фармасевтиро» иваз карда шаванд;

— сархатҳои чилунуҳум, панҷоҳуякум, панҷоҳудуюм, панҷоҳусеюм, панҷоҳупанҷум, панҷоҳушашум, панҷоҳуҳафтум, панҷоҳуҳаштум, панҷоҳунуҳум, шастум, шастуякум ва шастудуюми банди 5 хориҷ карда шаванд;

— дар сархати панҷоҳуми банди 5 калимаҳои «, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии» ба калимаҳои «ва ҳифзи иҷтимоии» иваз карда шаванд;

— дар сархати панҷоҳучоруми банди 5 аломати «;» ба аломати нуқта «.» иваз карда шавад;

— сархатҳои сиючорум, сиюшашум, сиюҳафтум, сиюҳаштум, сиюнуҳум, чилуякум, чилудуюм, чилусеюм, чилучорум, чилупанҷум, чилушашум ва чилуҳаштуми банди 6 хориҷ карда шаванд;

— дар сархати чилуҳафтуми банди 6 аломати «;» ба аломати нуқта «.» иваз карда шавад;

— сархатҳои сеюм ва нуҳуми банди 12 хориҷ карда шаванд.

8. Аз Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №597 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» тасдиқ шудааст, сархати чорум хориҷ карда шавад.

9. Аз Номгӯи муассиса ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №597 тасдиқ шудааст, сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум хориҷ карда шаванд.

10. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида қабулу супоридани биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои асосию гардони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро таъмин намояд.

11. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати ду моҳ санадҳои ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 909
  • 1,263
  • 842,658