Ташхисгоҳи вирусологӣ дар шаҳри Бохтар ба фаъолият шурӯъ кард

Ташхисгоҳи вирусологӣ дар шаҳри Бохтар ба фаъолият шурӯъ кард
Май 26
15:21 2020

Бо ташаббуси бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади муайян намудани бемории сироятии  коронавируси нави КОВИД-19 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон имрӯз, 26 майи соли равон як ташхисгоҳи вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Бино ба гуфти Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии дар вилояти Хатлон Нурулло Бояков, ин ташхисгоҳ дар назди ташхисгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ба кор оғоз кард.

Нурулло Бояков ҳамчунин изҳор дошт, ки ташхисгоҳи мазкур имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад.

-Мутахассисони мо бо дастгирии як соҳибкори маҳаллӣ барои кор дар ин ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаштанд. Айни замон мутахассисони пажӯҳишгоҳи мазкур дар  ин ташхисгоҳ ба мутахассисони мо тарзи усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд,-афзуд ӯ.

Бояд қайд кард, ки чунин як ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайянсозии бемории COVID-19 дар шаҳри Кӯлоб низ ба кор шурӯъ кард.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,132
  • 1,168
  • 841,618