Ҷаласаи корӣ дар ҳошияи Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи корӣ дар ҳошияи Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Май 27
18:22 2020

Дар ҳошияи Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 27 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гашт, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласи корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳое, ки дар Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд, ҷалб намуд.

Қайд гардид, ки дар кори маҷлис Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани чорабиниҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави КОВИД-19 дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар мамлакат ва боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморону сироятёфтагон, таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба миқдори зарурӣ, дастгирию кумаки пайвастаи кормандони соҳаи тандурустӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар анҷоми ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати иҷрои супоришҳое, ки имрӯз дар Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардиданд, ба масъулин дастур ва вазифаҳои мушаххас  дод.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 985
  • 1,263
  • 842,734