Хатлон: Дар беморхонаҳои вилоят корҳои безараргардонӣ идома доранд

Май 30
09:41 2020

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории CОVID-19 дар беморхонаҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадҷон Абдулқодирзода иброз намуд, ки корҳои безараргардонӣ тибқи дастури Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегарданд.

«Корҳои поксозиро, новобаста аз он ки дар дорухонаҳо тамоми тадбирҳои беҳдоштӣ андешида шудаанд, мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамаи ширкатҳои фармасевтӣ, дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшӣ ба анҷом расонида истодаанд. Зеро ба дорухонаҳо афроди бемор бештар меоянд, ки онҳо осебпазиранд», – гуфт Маҳмадҷон Абдулқодирзода.

Бояд гуфт, ки то 27 май корҳои безараргардонӣ дар дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшии шаҳри Левакант, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Носири Хусрав пурра ба анҷом расонида шуданд.

Холо ин гуна корҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома доранд.

Сарчашма: khovar.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 910
  • 1,263
  • 842,659