Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед

Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед
Июн 02
12:01 2020

Дар Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд ва Боғи истироҳатию фароғатии Абўмаҳмуди Хуҷандӣ бо сокинони маҳаллаҳои «Суғдиён», «Сайҳун, «Дўстии халқҳо» ва «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд вобаста ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мулоқоту вохўриҳои Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд дар мулоқот суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт ки кам шудани шиддати беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бархе сокинонро хушҳол намуда, бидуни зарурият ва бениқоби гигиенӣ ба кўча баромада истодаанд. Ҳамчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бахусус бозорҳо ба чашм расидани ҷамъшавии одамон, ки омили асосии сироятёбӣ маҳсуб мешавад, дар вазъияти имрўза хатарнок мебошад. Масъулини шаҳрро зарур аст, ки ҷиҳати корандозии маъракаҳои фаҳмонидадиҳӣ фаъол бошанд. Қайд гардид, ки ба марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд оид ба гардиши хона ба хона ва ёрии амалӣ расонидан вобаста шудаанд.

Тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ сафарбар карда шудааст. Духтурон бо корҷома ва дигар маводи беҳдоштӣ таъмин гардида, дар беморхонаҳо се маҳал хўроки гарм ташкил шудааст. Тамоми дорухонаҳо бо доруҳои зарурӣ таъмин ва имрўз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ​ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода боз чанд номгўи дору ва маводи озуқа ба миқдори зиёд ба марказҳои саломатӣ ва мардуми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тақсим карда шуд. Инчунин, дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавирус мусоидат мекунад. Фаъол гардидани чунин озмоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд имкон медиҳад, ки барои муайянсозии бемории навъи коронавирус (COVID-19) корҳо ҷоннок гардад.

Дар анҷоми мулоқот аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ​ худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,169
  • 1,168
  • 841,655