Ситоди ҷумҳуриявӣ: шумораи озмоишгоҳҳои вирусологӣ зиёд мегардад

Ситоди ҷумҳуриявӣ: шумораи озмоишгоҳҳои вирусологӣ зиёд мегардад
Июн 02
15:35 2020

Дар моҳи май теъдоди озмоишгоҳҳои вирусологӣ дар шаҳри Душанбе аз як ба чаҳор адад расонида шуд. Ин имкон дод, ки дар ин муддат қариб 15 600 нафар шаҳрвандон тавассути тест ташхис карда шаванд. Ин нукта    дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ситод   Қоҳир Расулзода баргузор гардид, зикр шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, то ҳол ба ҷуз аз риояи  қоидаҳои беҳдоштӣ- гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дигар роҳи  самараноки  пешгирӣ кардани паҳншавиии ин вирус вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ситоди ҷумҳуриявӣ тамоми  тадбирҳои  заруриро  оид ба ҷорӣ намудани  чораҳои зиддиэпидемикӣ барои  пешгирии  пайдоиш ва паҳн нагардидани  сирояти нави  коронавирус  андешида истодааст.

Дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба вазъи эпидемиологӣ ва тадбирҳои  андешидашудаву банақшагирифта барои  пешгирии  интиқол ва паҳн нагардидани  сирояти нави коронавирус дар ҷумҳурӣ  гузориш дода, гуфт, ки алҳол вазъият  дар самти назорат  ва табобати бемории сироятии COVID-19 идорашаванда арзёбӣ гардида, ҳар рӯз шумораи беморони бистаришаванда кам  ва аз беморхонаҳо ҷавобшаванда меафзояд. Ин аст, ки  дар як рӯз  ба ҳисоби миёна беш аз 300-400 нафар маризон аз беморхонаҳо рухсат мешаванд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки  ояндаи наздик дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб  озмоишгоҳҳои вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд, ки  бо ин мақсад 10 мутахассиси вирусолог  аз курсҳои бозомӯзӣ   гузаштанд. Инчунин барои  беҳтар кардани сифати табобати  беморони бистаришуда, ба 168 муассисаи тиббии 56 шаҳру ноҳияҳои  мамлакат 212 адад таҷҳизоти тиббӣ, 11 номгӯй маводи худмуҳофизатӣ   ва 60 номгӯй маводи доруворӣ  дода шуд.

Дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интикол ва пайдоиши сирояти нави  коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон иҷрои протоколҳои қаблии ситоди ҷумҳуриявӣ шунида шуд.

Бо дарназардошти масъалаҳо ва пешниҳодҳои ҷаласаи  ситоди ҷумҳуриявӣ қарорҳои марбута қабул гардида, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ-роҳбарони  вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ дар самти  пурзӯр намудани  чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз паҳн нагардидани  сирояти нави COVID-19 дар ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 267
  • 1,263
  • 842,016