Сокинони шаҳри Бӯстон имкон доранд​ маҳлули​ хлорро ба таври ройгон​ дастрас намоянд

Сокинони шаҳри Бӯстон имкон доранд​ маҳлули​ хлорро ба таври ройгон​ дастрас намоянд
Июн 04
11:07 2020

Дар шаҳри Бӯстон​ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ​ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ корҳои безараргардонӣ тақвият ёфта истодааст.

Тибқи иттилои масъулин​ дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ ба анҷом расонида шуда, ҳамзамон​ сокинон метавонанд аз​ Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Бӯстон​ маҳлули хлорро дастрас намоянд..

Шуруъ аз охирҳои моҳи апрели соли 2020, яъне аз лаҳзаи дар Тоҷикистон ба қайд гирифтани бемории сироятии коронавирус то ин дам ба зиёда аз 780 нафар сокинони шаҳри Бӯстон​ ба миқдори зиёда 11 тоннаву 700 литр маҳлули хлор дастрас карда шуд.​

Тибқи иттилои директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Бӯстон Зайнулло Тешаев дар Марказ захираи кофии маҳлулҳои безарагардонии омодакардашуда мавҷуд буда, сокинон бемамоният имкон доранд тариқи ройгон маҳлулҳоро дастрас намоянд.​

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 793
  • 1,263
  • 842,542