Хуҷанд: Шоми дирӯз тавассути 20 адад техника ва 70 тонна маводи гидрохлориди натрий шаҳрро безарар гардониданд

Хуҷанд: Шоми дирӯз тавассути 20 адад техника ва 70 тонна маводи гидрохлориди натрий шаҳрро безарар гардониданд
Июн 04
17:23 2020

Шоми дирӯз дар кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои истироҳатӣ, маҳаллаву тангкӯчаҳои шаҳри Хуҷанд маъракаи густурдаи безараргардонӣ бо ҷалби беш аз 20 адад техникаю зиёда аз 70 тонна маводи тамизкорӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ин иқдом бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар арафаи иди касбиашон сурат гирифт.

Муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар маросими ифтитоҳи чорабинии безараргардонӣ иштирок намуда, ин иқдоми некро амали хайрхоҳона ва қадами устувор барои солимии шаҳрвандон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ унвон намуданд.

Зиёда аз 20 адад техникаю таҷҳизот бо фарогирии беш аз 70 тонна маводи тамизкорӣ барои безараргардонии кӯчаву хиёбон, тангкӯчаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, истгоҳҳо, маҳаллаву микроноҳияҳо сафарбар карда шуданд.

Ин иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд имкон медиҳад, ки дар шаҳр хуруҷи бемориҳои сироятӣ, бахусус бемориии нави короновирус кам гардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 249
  • 1,263
  • 841,998