Боздиди гурӯҳи корӣ аз ду марказ

Боздиди гурӯҳи корӣ аз ду марказ
Июн 07
14:02 2020

Дар асоси супориши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи хизматрасониҳои тиббию санитарии дар шабакаи муассисаҳои госпиталии шаҳри Душанбе аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ» -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №2» Раёсати тандурустии ш. Душанбе дидан намуданд.

 Дар доираи ин боздиди гурӯҳи корӣ дар МД «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки ҳамагӣ 15 бемор таҳти табобати беморхонавӣ қарор дошта, бо маводҳои доруворӣ ва хӯрок (3 маротиба)  қисман таъминанд. Аз суҳбатҳо бо 8 бемор ва 4 нигоҳубинкунанда бармеояд, дар муассиса кормандон бо беморон муоширати хуб доранд, аз сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ қаноатманданд.

Дар МД «Маркази тиббии шаҳрии №2» Раёсати тандурустии ш. Душанбе бошад, 49 бемор таҳти табобати беморхонавӣ қарор дошта, бо маводҳои доруворӣ ва хӯрок (3 маротиба)  қисман таъминанд. Аз суҳбатҳо бо 5 бемор ва 3 нигоҳубинкунанда бармеояд, дар муассиса кормандон бо беморон муоширати хуб доранд, аз сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ қаноатманданд.

Тавсияҳо ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳо амалӣ барои боз ҳам беҳтар намудани муошират бо беморон, сатҳи имкониятҳои муассиса барои ташхису табобат, иқтидори кадрӣ, ҳолати санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо маводҳои доруворӣ, хӯрока дар маҷмӯъ корҳои ободонӣ дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 951
  • 1,168
  • 841,437