«РИВОЯТИ КОРОНАВИРУС» ДАР ТОҶИКИСТОН БА ПОЁН МЕРАСАД». Чунин навиштааст имрӯз агентии иттилоотии Россия «Sputnik»

«РИВОЯТИ КОРОНАВИРУС» ДАР ТОҶИКИСТОН БА ПОЁН МЕРАСАД». Чунин навиштааст имрӯз агентии иттилоотии Россия «Sputnik»
Июн 09
16:46 2020

30 апрел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 мавриди аввалини гирифториро ба COVID-19  эълом кард. То 8 июн  Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз гирифтории 4609 нафар, фавти 48 кас ва шифои 2763 (60%) бемор гузориш дод. Рақамҳо гувоҳанд, ки агар вазъ ба ҳамин шакл идома ёбад, хатми достони «вируси корона» дар Тоҷикистон наздик аст, менависад агентии иттилоотии Sputnik Тоҷикистон.

Тавре манбаъ мегӯяд, барои мутахассисони соҳаи тиб муаммои ақибнишинии «вируси корона» аз Тоҷикистон ғайриинтизорӣ мебошад. Масалан, Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода гумон мекард, ки ин беморӣ то моҳи август дар кишвар давом мекунад ва даҳҳо нафарро аз даст медиҳем. Мавсуф омили аслии ақибнишинии «вируси корона»-ро тобистони гарму хушки Тоҷикистон арзёбӣ кард.

«Ин омил ба бемориҳои дигари роҳҳои нафас, ки аз вирусҳо хуруҷ мекунанд, низ таъсир мегузорад. Баробари фарорасии гармо зуком тақрибан нест мешавад. Шояд «вируси корона» ҳам мисли вирусҳои ангезандаи зуком аз таъсири иқлими тобистонии мо ақибнишинӣ карда бошад. Албатта, дар қатори омили гушанишинии мардум», — гуфтааст Абдухалил Холиқзода ба Sputnik Тоҷикистон.

Табиби тоҷики муқими Москва Абдулло Давлатов мегӯяд, аввалҳо хеле асабонӣ мешуд, зеро ҳамон «чак-чак»-и писандидаи мардум барои  илтиҳоби шуш  хатарнок буда, табобати нодуруст фавти зиёдро  метавонист ба  бор оварад.

«Ман аслан ба ин зудӣ поинравии маризиро тасаввур намекардам. Дар аввал хатогиҳо зиёд буд. Чанд рӯзи ахир тавсияҳоеро, ки ошноҳоям мефиристанд, мебинаму хуш мешавам, зеро онҳо асоснок ва хеле муфиданд. Хуб шудани вазъ аниқ аст, аммо сабабашро дақиқ намедонам. Шояд Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсияҳо дод ва ё омили дигаре буд. Намедонам то куҷо беҳбуд ёфтани вазъ аз вазири тандурустӣ вобаста аст, аммо, дақиқан баъди Ҷамолиддин Абдуллозода корҳо хуб шудаанд», — гуфтааст Абдулло Давлатов.

Мутахассисони дохиливу хориҷӣ ҳарчанд қиссаи «вируси корона» дар Тоҷикистонро анҷомшуда намеҳисобанд, аммо омилҳои зиёдеро дар боби ақибнишинии ин «артиши ноаён» пеш меоранд. Бовари бархе бар ин аст, ки чун COVID-19 дер расид, Ҳукумати Тоҷикистон фурсати бештари тарҳрезии барномаҳо ва сохту усули табобатиро дошт. Як тафсири оддӣ ҳам ин аст, ки худи вирус дар роҳ ба Тоҷикистон «хаставу латта» шуда, қудрати аввалиашро бохт.

Иддае ҳам мегӯянд, ки усули хонадармонӣ ё роҳандозии табобати маризон на дар бемористон, балки хона натиҷаи мусбат додааст.

Ба навиштаи Sputnik, як фарзияи дигаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳи зиёдеро ба бор овард, усули табобати ғайримаъмулии собиқ сардухтури ноҳияи Рашт Қобилҷон Гиёев бо доруи «пенстреп», махсуси «вируси корона»-и ҳайвоноти хонагӣ мебошад. Ин усул то ҳол инкор ё тасдиқ нашудааст, аммо шоҳидони шифо ёфтани маризон аз ин усул низ зиёданд.

Омили дигар боду ҳавои аз зиёни саноат дур ва меваву сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки боиси қавӣ будани масъунияти сокинон шудаанд. Баъзе ҳам аз омили моҳи шарифи Рамазон мегӯянд, ки мардумро дар хона бе банд баст ва бо риёзату гуруснагӣ равғани бадани инсонҳоро об кард. Ва ниҳоят зичии на он қадар зиёди  аҳолӣ дар Тоҷикистон ба густариш ва пойдории «вируси корона» мусоидат накард. Дар бархе навоҳӣ ҳатто мавриди гирифторӣ ва фавтро аҳёнан метавон пайдо кард.

Сармутахассиси бемориҳои шуши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, собиқ мудири шуъбаи риёшиносии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон Ҳакима Ахмадова мегӯяд, омилҳои зиёде буданд, ки як натиҷаро ба бор оварданд. Вай афзуд, он чӣ, ки аз дасти Ҳукумат меомад, кард, яъне дар мактабу донишгоҳҳо ва бозору марказҳои хурду бузурги таҷаммуъи  сокинон  таътил эълон намуд.

«Аммо он чӣ банда кашф кардам, ҳамоно сабру таҳаммул ва пойбандии мардуми Тоҷикистон ба қоидаҳои гигиенӣ буд. Мо ҳам хавф доштем, ки мардум «ҳар чӣ ояд, аз тақдир» гуфта, сар ба кӯчаву бозор мезананд. Омили аслии пирӯзӣ бар «вируси корона» ҳамоно се асл аст – ниқоб, фосилаи иҷтимоӣ ва шустани дастҳо. Ҳар ҷомеае, ки ин се аслро риоя кард, зуд муваффақ мешавад. Ягон карантини саросарӣ, тибби пешқадамтарин, омилҳои табиӣ ё харҷи миллиониву миллиардӣ он натиҷаеро намедиҳанд, ки риояи қоидаҳои гигиенӣ медиҳанд. Ба дунё бингаред, даҳҳо далелро барои дурустии ин иддао пайдо мекунед», — гуфт Ҳакима Ахмадова.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони тиб бар ин нукта иттифоқи назар доранд, ки дар ҳоли риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ақибнишинии «вируси корона» нафас тоза кардани ин «артиши ноаён» барои як ҳамлаи нав хоҳад буд. Ба қавли онҳо, COVID-19 мисли як соя ҳамроҳи  одамон мегардад ва то пайдо шудани ваксина хатари он низ аз сари инсонҳо дур нахоҳад шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 639
  • 1,263
  • 842,388