Сафари гурӯҳи табибони кишвари Полша ба ВМКБ

Сафари гурӯҳи табибони кишвари Полша ба ВМКБ
Июн 12
14:09 2020

Гурӯҳи табибони Полша, ки  дар ташхису табобати бемории COVID-19 таҷрибаи зиёд доранд, ба шаҳри Хоруғ сафар намуда, аз ҳолати беморони гирифтори ин навъи вирус шинос шуданд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ба зикри сардухтури беморхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саидбек Давлатбеков табибони Полша асосан дар ташхису табобати бемороне, ки вазъи саломатиашон хуб нест, ба ҳамтоёни тоҷики худ кумак мерасонанд. Онҳо дорои  таҷрибаи беҳтар буда, дар ихтиёри худ озмоишгоҳҳои муосири сайёр низ доранд.

«Аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории сироятии COVID-19  дар Тоҷикистон. дар вилоят то ба имрӯз 940 нафар бо аломатҳои ин беморӣ бистарӣ шуда, имрӯз аксари онҳо пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон баргаштанд ва 115 нафар зер назорати табибон мебошанд. Муҳим он аст, ки беморон ва табибон ба ҳамдигар боварӣ ҳосил намуданд. Ҳоло ки табибони хориҷӣ дар ин ҷо қарор доранд, бо боварӣ метавонам гӯям, ки пас аз мубодилаи таҷриба  дониши назариявию амалии   табибони тоҷик боз ҳам хубтар мегардад»,- гуфт Саидбек Давлатбеков.

Ҳамчунин табиби полякӣ Анна Беномбекова баён дошт, ки  дар баробари ташхису табобати беморон, мо инчунин ба табибон, ки дар баробари ин беморӣ хеле осебпазиранд, чораҳои муассири муҳофизатиро меомӯзем. Зеро дар аввали хурӯҷи беморӣ дар дунё аз ҳама бештар табибон осеб диданд. Ҳамзамон мо таҷрибаи табибони тоҷикро меомӯзем ва дар оянда ҳангоми сафар ба дигар минтақаи ҷаҳон аз он истифода хоҳем бурд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 685
  • 1,263
  • 842,434