Ситод: Фаъолияти ошхонаву мағоза ва бозорҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва масофа ба роҳ монда шаванд

Ситод: Фаъолияти ошхонаву мағоза ва бозорҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва масофа ба роҳ монда шаванд
Июн 16
13:59 2020

Дар шаҳри Хуҷанд Ситоди навбатии вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» бо масъулини соҳаи тандурустӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ баргузор гардид.

Нахуст тариқи онлайн аз сардухтурони Беморхонаҳои марказӣ, сироятӣ, КАТС, бунгоҳҳои тиббии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов оид ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» пурсиш ба амал оварда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳолати сироятӣ кам гардида бошад ҳам, аммо хавфи он дар маконҳои серодам ва ҳангоми риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ ҷой дорад.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилоят масъулини соҳаро ҷиҳати иҷрои масъулияти бардӯшдошта муваззаф гардонид.

Дар ҷараёни Ситод сардухтурони Марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев оид ба раванди қабул, бистарӣ ва табобати беморон маълумот доданд. Ҳамзамон сардори маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Эҳсон Саидов оид ба ҷараёни безараргардорӣ дар шаҳр итттилоъ дод.

Зайнура Азимӣ дар анҷоми Ситод таъкид дошт, ки танҳо бовару эътиқод ба давлату ҳукумат, азми дурусту саъйи комил ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва роҳ надодан ба навмедию рўҳафтодагӣ моро ба манзили мақсуд мерасонад. Ташаббуси дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон кардани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ манфиатовар будани худро дар шароити иҷбории гўшанишинӣ ва карантини нарм бори дигар собит намуд. Он қисмати аҳолӣ, ки дар ин самтҳо машғулият доранд ва ё аққалан дар шароити деҳот сару коре бо қитъаи замин доранд, ин маҳдудиятҳоро ниҳоят осон сипарӣ менамоянд. Соҳаҳои дар боло зикршуда аксаран хусусияти фаъолияти инфиродӣ доранд ва барои риояи фосилаи иҷтимоӣ мусоидат менамоянд. Риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти муҳим ва зарурӣ дар мубориза бо ин вабои аср аст.

Дар охири ҷаласа таъкид шуд, ки фаъолияти ошхонаву мағоза ва бозорҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва масофа ба роҳ монда шаванд.

(Акс аз бойгонӣ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,033
  • 1,263
  • 842,782