Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоати шаҳри Душанберо ба имзо расониданд

Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоати шаҳри Душанберо ба имзо расониданд
Июн 30
16:34 2020

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони  камбизоати шаҳри Душанберо ба имзо расониданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Карори мазкур бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ба имзо расидааст.

Тибқи Карори мазкур, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Сарраёсати молия, Раёсати тандурустӣ ва шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор маблағгузории хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро ба роҳ монанд.

Инчунин, дар Карор дарҷ гардидааст, ки бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар раванди муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони дар асл камбизоат ҷиҳати таъйин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тадбирҳо андешанд шавад.

«Аз ҳисоби сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ оид ба иҷрои саривақтии қарори мазкур ва пурра фаро гирифтани оилаҳои камбизоат ва механизми расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма ва ҷалби фаъолони ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд», — гуфта мешавад дар қарори Раиси шаҳри Душанбе.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,007
  • 1,263
  • 842,756