Созмони Милали Муттаҳид хостори 10,3 миллиард ёрии башарӣ барои мубораза бо КОВИД – 19

Созмони Милали Муттаҳид хостори 10,3 миллиард ёрии башарӣ барои мубораза бо КОВИД – 19
Июл 20
09:14 2020

Созмони Милали Муттаҳид хостори ҷамъоварии 10,3 миллиард доллар барои мубориза бо коронавируси нави КОВИД-19 дар саросари олам шуд. Ин бузургтарин даъвати ёрии башарӣ аз кишваҳои сарватманд дар ҷаҳон аст. Дар гузориши ин созмон омадааст, ки эҳтимол дорад то охири соли равон бар асари пандемияи КОВИД-19 дар ҷаҳон 265 миллион нафар дучори гуруснагӣ шаванд.

СММ мегӯяд, ин пулҳои дархостшуда ба мамолике дода хоҳанд шуд, ки сатҳи пасти даромад доранд. Аз сӯи дигар СММ ҳушдор дод, ки амал накардан метавонад чанд даҳсола кишварҳоро аз рушду тавсеа боздорад. Моҳи апрели соли равон СММ аз кишварҳои сарватманди ҷаҳон барои ин мақсадҳо 2 миллиард доллар талаб карда буд.

Коршиносон мегӯянд, дар таърихи чанд даҳсолаи худ СММ ин миқдор пул дархост накардааст ва ин як рақами рекордӣ ба ҳисоб меравад. Вале, ин созмон дар шарҳи талаби худ менависад, ки кишварҳои санъативу пешрафта ва мутараққии олам барои ҳифозат аз иқтисоди худ ҳама мулоҳизоти собиқро канор гузоштаанд ва ҳоло бояд ҳамин корро барои кишварҳои фақир анҷом диҳанд.

СММ ҳушдор ҳам додааст, ки агар ин кумак фароҳам нашавад, ҷаҳон ба як ришта буҳронҳо, аз ҷумла гуруснагии миллионҳо нафар рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Миллионҳо коргарони муҳоҷир дар ақсои олам бар асари эълони карантин наметавонанд ба хонаводаҳои худ пул фиристанд, барномаҳои бемориҳои бачагона комилан боздошта шудаанд, кишвраҳое, ки солҳои муқовиматҳои низомиро пушти сар кардаанд, дар мубориза бо КОВИД-19 ночор мондаанд,- омадааст дар бахши дигари муроҷиати СММ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,085
  • 1,168
  • 841,571