Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ВМКБ сафар кард

Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ВМКБ сафар кард
Июл 02
10:28 2020

Аз 1 июл дар асоси  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ ва назорати масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва дар ин замина гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба сафари корӣ  баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  

Зимни сафари корӣ мавриди баррасӣ қарор додани як зумра масъалаҳо, баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мардум ва ҷалби онҳо бо корҳои ободонию созандагӣ,  омӯзиши ҳолати санитарию эпидемиологӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, табобати беморон ва нақшаҳо дар самти бунёди беморхонаҳои сироятӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш, таъминоти хонандагон бо либоси мактабӣ,  таъминокии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо катҳои хоб, доруворӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои табибон, раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар иншоотҳои бунёдшавандаи ҷашнӣ, инчунин  тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии вилоят дар назар аст.

Сафари корӣ аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ оғоз гардида, давоми чанд рӯзи дигар дар ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Рошқаъла, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ идома меёбад.

(Акс аз бойгонӣ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,197
  • 1,168
  • 841,683