COVID-19. Дар ҷаҳон дар як рӯз беш аз 209 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд

COVID-19. Дар ҷаҳон дар як рӯз беш аз 209 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд
Июл 04
09:35 2020

Ба ҳолати соати 10:30-и 4 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 11,1 миллион нафар гардида, зиёда аз 529 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 6,3 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 209 028 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 170 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 11 197 278 нафар ва теъдоди фавтидагон 529 197 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 6 342 850 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 890 588 нафар), Бразилия (1 543 341), Россия (667 883), Ҳиндустон (649 889), Испания (297 625), Перу (295 599), Чили (288 089), Британияи Кабир (284 276), Мексика (245 251) ва Италия (241 184) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС аз AP /Ted S. Warren

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 225
  • 1,263
  • 841,974