ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»
Июл 10
07:15 2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳимояи мардуми  кишвар аз зиёну хатари бештари доман паҳн кардани бемории ҳамагири коронавирус чун ҳамешагӣ иқдомҳои ватандӯстонаро пеш гирифтанд. Ҳамин аст, ки  аллакай корҳои омодагӣ дар тамоми беморхонаҳои ҷумҳурӣ бо фарогирии ҳама кормандони соҳа ва масъулони ниҳодҳои дахлдор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.

Илова бар ин, ҷиҳати  дастгирии кормандони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи як музди маоши дигар барои се моҳ аз Фонди Президенти кишвар маблағи алоҳида ҷудо гардид. Ин ташаббуси башардӯстонаи Пешвои миллат бори дигар мо – кормандони соҳаро мутмаин сохт, ки заҳмату кӯшишамон аз назари давлату Ҳукумати мамлакат ниҳон намемонад. Баробари ин, Пешвои муаззами миллат зимни ҳар суханронии худ моро бо суханони нек рӯҳбаланд ва дар роҳи мубориза бо ин бемории ҷаҳонгир неру бахшиданд. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш низ пайваста ҷиҳати фароҳам овардани шароити корӣ барои кормандони бемористонҳои ин минтақаи дурдаст талош карда истодаанд. Ҳамин аст, ки аллакай як моҳ боз хуруҷи беморӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия решакан гардид.
5 июни соли ҷорӣ боз Фармони нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19  ва пайомадҳои он ба тасвиб расид, ки тибқи он, ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар қисми 3 – и банди якуми  фармон  чунин зикр шудааст:
«То ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии Буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд».
Ин дастгириҳои нуктасанҷона ва ҷавонмардонаи Президенти мамлакат мо – масъулони соҳаи тибро водор менамоянд, ки дар кору фаъолияти худ бештар аз пештара масъулият эҳсос намоем. Аз ҷониби дигар,  фармони мазкур боз ҳам тамоми қишрҳои ҷомеаро дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳидтар ва ба он дилгармтар месозад. Зеро фармон на танҳо соҳаи тиб, балки соҳаҳои хизматрасонию истеҳсолиро низ фаро мегирад.

Хусрав САЙФИДДИН,
сардухтури беморхонаи минтақаи Лахши ноҳияи Лахш

(Дар акс маркази ноҳияи Лахш)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 824
  • 1,168
  • 841,310