Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ
Август 18
09:32 2020

18.08.2020, шаҳри Душанбе

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустии кишвар!
Ҳозирини гиромӣ!

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.

Мо дар ин муддат дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо кормандони соҳаи тиб 33 мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ кардем ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон ва дигар мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас додем ва дар ин замина ба ислоҳоту азнавсозии ҷиддии соҳа асос гузоштем.

Аз охирин вохӯрие, ки вобаста ба маросими ифтитоҳи пайкараи Ибни Сино ва Рӯзи донишу оғози соли нави таҳсил доир карда будем, ду сол сипарӣ шуд.

Тибқи таҳлилҳо нақшаи чорабиниҳои баъди мулоқот таҳияшуда дар муҳлатҳои муқарраргардида амалӣ шуда истодааст.

Вохӯрии имрӯзаи мо ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва солгарди бузургтарин чеҳраи илми Шарқ — Абӯалӣ ибни Сино, ки яке аз поягузорони илми тиб ба шумор меравад, баргузор мегардад.

Аз ин рӯ, шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми кормандони соҳаи тибби мамлакатро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Ҳозирини арҷманд!

Соли равон барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ва давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад.

Ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, дар кишвари мо низ пайдо гардид.

Мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ вазъи дар ҷаҳон баамаломадаро таҳлил намуда, барои пешгирӣ кардани паҳншавии он ҳамаи тадбирҳои фавриро андешидем ва корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ба роҳ мондем.

То 17-уми августи соли ҷорӣ дар ҷаҳон зиёда аз 21 миллион нафар одамон ба ин беморӣ мубтало шуда, 756 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Қобили зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии кишварамон аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, онро мисли дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карданд.

Ба ин кори хайр ҳатто собиқадорону нафақахӯрони соҳа бо амри виҷдон ҳамроҳ шуданд.

Онҳо шабонарӯзӣ дар ҷойи кори худ истода, тамоми қувва, дониш ва таҷрибаашонро сафарбар сохтанд ва ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз чанголи марг раҳо бахшиданд.

Махсусан, табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд.

Баъзе табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҳатто се-чор моҳ аз ҷойи кори худ берун нарафтанд, худашон бемор шуданд, табобат гирифтанд ва боз корашонро идома доданд. Ва имрӯз ҳам фаъолияти худро содиқона идома дода истодаанд. Аҳсан ба онҳо!

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва махсусан, ба табибону ҳамшираҳои шавқат, ки дар он рӯзҳои вазнин матонату ҷасорат нишон доданд, аз номи Ҳукумати мамлакат самимона сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон саломатӣ ва барори кор мехоҳам.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани чораҳои фаврӣ, таблиғоту фаҳмондадиҳӣ, безараргардонии маҳалҳои зист, хонаҳои истиқомативу муассисаҳои иҷтимоӣ, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, инчунин, пешбурди омори шахсони бемор дар тамоми қаламрави мамлакат пеши роҳи паҳншавии беморӣ то андозае гирифта шуд.

Дар ин раванд, дар шаҳру ноҳияҳо барои қабул ва табобати беморон ҷойҳои иловагӣ таъсис дода, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуданд.

Танҳо дар шаҳри Душанбе дар як муддати кӯтоҳ 5000 ҷойи иловагӣ омода карда шуд.

Дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои калон низ чунин ҷойҳои иловагӣ омода гардиданд.

Бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид.

Ҳамзамон бо ин, барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо карда, сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ расонида шуд.

Дар баробари ин, бо мақсади мубориза ба муқобили коронавирус суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуд.

То ба имрӯз аз ин суратҳисоб беш аз 4 миллион сомонӣ барои харидории доруворӣ ва таҷҳизот сарф гардидааст.

Бар замми ин, аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 13,4 миллион сомонӣ доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст.

Ҳамчунин, соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва ширкатҳои хусусӣ низ аз ҳисоби корхонаҳои худ барои беморхонаҳо маводи ғизоӣ, либоси махсус, ниқоб, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карданд.

Дар ин давра 60 корхона бо истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва 20 корхона ба истеҳсоли либоси махсуси муҳофизатӣ машғул шуда, то 15 августи соли 2020 зиёда аз 10 миллион дона ниқоби тиббӣ ва 56 ҳазор либоси махсуси тиббӣ истеҳсол намуданд.

Инчунин, ҳоло дар кишвар 15 корхона ба истеҳсоли маводи безараргардонӣ ва беҳдоштӣ машғул мебошад.

Бинобар ин, ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон ва шахсони ҳимматбаланде, ки дар рӯзҳои сангини бемории сироятӣ соҳаи тандурустиро дастгирӣ карданд, ба табибону ҳамшираҳои шафқат кумак намуданд, ба суратҳисоби махсус маблағ гузарониданд ва дар паст кардани шиддати ин беморӣ ёрмандӣ расониданд, изҳори сипос карда, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ ва комёбӣ орзу менамоям.

Дар ин давра аз кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ низ ба маблағи қариб 34 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расиданд, ки ба онҳо барои ёрии саривақтӣ изҳори ташаккур мекунам.

Ҳозирини гиромӣ!

Пандемияи КОВИД-19 ба иқтисодиёти ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ таъсири манфӣ расонид ва таъсири он ҳанӯз идома дорад.

Суръати рушд ва нишондиҳандаҳои иқтисодии ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон бо сабаби карантин ва дигар чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус коҳиш ёфтанд.

Аз ин сабаб, дар баробари буҳрони амиқи иқтисодиву молиявӣ ва бекории шадиду камбизоатӣ ба инсоният хатари норасоии озуқаворӣ ва болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, алалхусус, маводи ғизоӣ таҳдид менамояд.

Дар чунин шароит, Ҳукумати Тоҷикистон барои паст намудани таъсири омилҳои буҳронӣ ба иқтисодиёти кишвар як силсила тадбирҳои таъхирнопазир андешид.

Натиҷаи онҳоро имрӯз дар фаровонии маҳсулот дар бозорҳои кишвар ва устувориву дастрасии нархҳо дидан мумкин аст.

Дар баробари ин, як масъалаи муҳимро таъкид кардан мехоҳам.

Таҷриба нишон дод, ки дар соҳаи тандурустӣ баъзе бахшҳо осебпазир буда, барои пешрафти онҳо бояд корҳои бештар анҷом дода шаванд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳоло мехоҳам андешаҳои худро доир ба вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастовардҳо, норасоиҳо ва вазифаҳо барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани солимии мардуми кишварамон, ки сарвату боигарии бебаҳои давлат аст, баён намоям.

Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар ин давра ислоҳоти сохтори тандурустии мамлакат оғоз шуда, то ба имрӯз бомаром идома дорад.

Дар ин раванд, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, идоракунӣ ва маблағгузории он ба низом дароварда шуд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва таҷдиди муассисаҳои тиббию фармасевтӣ амалӣ гардид.

Агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 расидааст, яъне 1507 муассиса зиёд шудааст.

Агар дар давраи солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то шаш моҳи аввали соли 2020-ум 1071 муассисаи нави соҳа сохта, ба истифода дода шудааст.

Танҳо соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуда, дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ ва барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.

Мутобиқи Амри Президенти мамлакат аз 22 майи соли 2018 доир ба амалӣ намудани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба муносибати 30 — солагии истиқлоли давлатӣ дар давоми солҳои 2018-2021 бунёди 358 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин ҳисоб 276 муассиса то аввали июли соли 2020 сохта, ба истифода дода шуд.

Сохтмони 132 иншооти дигар то охири соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии сохтмонҳо 200 иншоот аз ҳисоби соҳибкорон ва 63 иншооти дигар аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ сохта мешавад.

Соли 2016 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа — Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо 38 бино ва 61 шуъба ҳамчун маркази тиббии бисёрсоҳаи дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст бунёд ва ба истифода супорида шуд. Дар ин муассиса ҳоло қариб 2400 нафар кормандон, аз ҷумла 500 нафар табибон ва беш аз 800 нафар кормандони миёнаи тиб ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Дар кишвар, инчунин, 8 муассисаи тиббии бисёрсоҳавӣ, аз ҷумла, Маркази миллии тиббии «Шифобахш», Маркази тиббии шаҳрии рақами 1, беморхонаҳои клиникии вилоятӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Данғара фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳазорон нафар беморон табобат меёбанд.

Буҷети соҳаи тандурустӣ дар соли 2020-ум 1 миллиарду 841 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 7,2 баробар зиёд мебошад.

Дар 29 соли истиқлол музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ аз 3 сомонӣ ба 1253 сомонӣ расонида шуда, ин нишондиҳанда ҳатто нисбат ба соли 2007-ум қариб 20 баробар зиёд шудааст.

Бо Фармони Президенти мамлакат, ки чанд рӯз пештар ба тасвиб расид, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Хароҷот аз ҳисоби буҷети давлат ба ҳар як нафар аҳолӣ дар соли 2020-ум 200 сомониро ташкил медиҳад, ки ин рақам назар ба соли 2001-ум 45 баробар ва нисбат ба соли 2011-ум дуюним баробар зиёд аст.

Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ аксари муассисаҳои тиббӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, сатҳу сифати табобати беморон тадриҷан беҳтар ва ҳолатҳои барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар рафтани шаҳрвандон хеле кам гардид.

Бо мақсади аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмӣ аз ҷониби аҳолӣ ду санади муҳим — “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ ва тартиби муоинаи тиббии давравӣ ва ҳатмии тиббии шаҳрвандон” қабул ва татбиқ гардидаанд.

Дар доираи ин санадҳо солҳои 2015 – 2019 аз ҳисоби хизматрасониҳои муздноки зикршуда илова ба буҷети ҳарсолаи барои соҳа пешбинигардида 831 миллион сомонӣ ворид гардида, ин маблағ асосан барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳа тавассути пардохти музди меҳнати иловагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ, инчунин, хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ равона карда шудааст.

Дар баробари ин, маблағгузории сарикасӣ дар ҳамаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷорӣ гардида, меъёри он соли 2020 дар муассисаҳои шаҳрӣ (59 сомонӣ) ва деҳот (48 сомонӣ) нисбат ба соли 2016 (мутаносибан 49 ва 34 сомонӣ) 17 ва 29 фоиз зиёд карда шуд.

Дар 29 соли охир дар раванди татбиқи ислоҳот ва рушди соҳаи тандурустӣ 45 лоиҳа, аз ҷумла 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардид ва татбиқи қисме аз онҳо идома дорад, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз ду миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи маблағҳои зикршуда, ки қисми асосии он сармоягузории давлатӣ, яъне қарзи Ҳукумати мамлакат мебошад, 450 беморхонаи ҳозиразамон, марказҳои саломативу табобатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва озмоишгоҳҳои муосир сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, садҳо нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, маҳорат ва малакаи касбиашонро баланд бардоштаанд.

Дӯстони азиз!

Беҳбудии сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, дар солҳои соҳибистиқлолӣ зарурати пешбурди сиёсати нав дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ пеш омад.

Бо ин мақсад дар ин давра “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва илмӣ “Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард.

Имрӯз дар кишвар шумораи табибон беш аз 19 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 29 фоиз, нисбат ба соли 2000-ум 32 фоиз ва назар ба соли 2010-ум беш аз 19 фоиз зиёд мебошад.

Ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соҳа ба ҳисоби миёна 1282 нафар кадрҳои ҷавон тайёр мекунад, яъне дар 5 соли охир ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро қариб 6500 нафар ҷавонон хатм кардаанд.

Шумораи умумии кормандони миёнаи тиббӣ ҳоло ба 54 ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 1991-ум 27 фоиз ва дар муқоиса бо соли 2010-ум 35 фоиз зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи таъминот бо кадрҳо дар миқёси мамлакат ба 10 ҳазор аҳолӣ аз соли 1991 то соли 2007 тамоюли пастравӣ дошт ва дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида аз соли 2007 рӯ ба афзоиш овард.

Ҳоло таъминот бо кадрҳо нисбат ба 10 ҳазор аҳолӣ бо табибон 21 ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 59 нафарро ташкил медиҳад.

Вале норасоии кадрҳо ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки ин мушкилот дар вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар бештар мебошад.

Умуман, дар мамлакат имрӯз 4264 нафар табиб ва 2358 корманди миёнаи тиб намерасад.

Бинобар ин, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Ҳамчунин, таҳлилҳо собит месозанд, ки бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ яке аз мушкилоти асосии соҳа мебошад ва аз ин лиҳоз, ин масъала бояд самти муҳимми сиёсат ва амнияти иҷтимоии кишвар дониста шавад.

Зеро дар ҳолатҳои паҳншавии ҳар гуна эпидемия ва умуман, дар ҳолатҳои душвори иҷтимоӣ барои пешгирӣ кардан ва наҷоти одамон нақши табибон, яъне мутахассисони баландихтисос ҳамеша ҳалкунанда ба шумор меравад.

Дар ин самт, иҷрои супоришҳои қаблан гузоштаи мо доир ба омода кардани шумораи зарурии табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ тавассути таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддат барои ҳар як шаҳру ноҳия, дар дохил ва хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, эҳёгарӣ ва бозомӯзии онҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ, воситаҳои муҳофизатӣ ва маводу ашёи дигар бояд ҳарчи зудтар таъмин карда шавад.

Тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар 31 муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Аз шумораи умумии муассисаҳои таълими тиббӣ 20 муассиса, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтааст.

Дар робита ба ин, як масъалаи муҳимро, ки қаблан низ гуфта будам, таъкид месозам.

Тибқи таҳлилҳо сатҳи дониш ва малакаи касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии соҳа ва махсусан, коллеҷҳои тиббии кишвар ба меъёрҳои қабулшуда ва талаботи рӯз чандон мувофиқ нест.

Бинобар ин, роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббиро зарур аст, ки доир ба ҳалли ин масъала, яъне баланд бардоштани сатҳи таълим ва сифати омодагии касбии донишҷӯён тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Мо бояд ба сифати тайёр кардани кадрҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем, на ба шумораи онҳо.

Дар 29 соли охир бо мақсади аз байн бурдани норасоии мутахассисон ҳар сол бо дастгирии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тавассути Стипендияи Президенти мамлакат «Дурахшандагон», аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ зиёда аз 500 нафар мутахассисон дар муассисаҳои илмиву таълимии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил ва бозомӯзӣ кардаанд, ки ин барои ба роҳ мондани хизматрасониҳои нави тиббӣ мусоидат намуд.

Зарур аст, ки ин кор минбаъд низ идома дода шавад.

Бояд гуфт, ки аз 13 муассисаи илмии вазорат 10 муассиса ва аз 31 муассисаи таълимии соҳаи тандурустӣ 20 муассиса дар замони соҳибистиқлолӣ таъсис дода шудааст, ки ин худ гувоҳи дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди илм дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Имрӯз дар соҳа 841 нафар докторҳо ва номзадҳои илми тиб фаъолият доранд, ки 64 фоизи онҳо рисолаҳои илмии худро дар даврони истиқлол ҳимоя кардаанд.

Илова бар ин, хотиррасон месозам, ки дар кишвар 10 коллеҷи хусусии тиббӣ фаъолият дошта, дар онҳо қариб 1000 нафар омӯзгорону табибон ва 63 нафар кормандони миёнаи тиббӣ кор мекунанд.

Инчунин, дар кишвар 717 муассисаи хусусии тиббӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 4100 нафар, аз ҷумла 1702 нафар табибон, 1580 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ва 877 нафар кормандони ёрирасон машғули фаъолият мебошанд.

Дар баробари пешравиҳои муайян, дар самти пешбурди корҳои илмии соҳа камбудиҳо низ ба назар мерасанд.

Масалан, дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар муассисаҳои илмӣ истифода мешаванд, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, хеле фарсуда гардидааст.

Зарур аст, ки ин камбудиҳо ҳарчи зудтар бартараф ва дар навбати аввал масъалаи таъминоти озмоишгоҳҳо бознигарӣ карда шавад.

Зеро илм ҷузъи таркибии фаъолияти ҳар як муассисаи тиббӣ буда, танҳо тавассути илми воқеӣ мо метавонем ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такон бахшем.

Дӯстони гиромӣ!

Дар доираи ислоҳоти соҳа баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Дар ин самт то имрӯз дар кишвар 12 барномаи миллӣ, аз ҷумла доир ба мубориза бар зидди бемориҳои сил, диабети қанд, саратон, дил, вируси норасоии масунияти одам, вараҷа, нашъамандӣ, рушди донории хун ва дигар бахшҳо татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо паст намудани сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳо ва беҳтар кардани солимии аҳолӣ мебошад.

То давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар марказҳои махсусгардонидашуда оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам вуҷуд надоштанд.

Чунки ин беморӣ дар Тоҷикистони мо умуман вуҷуд надошт.

Дар 29 соли истиқлол панҷ барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди ин беморӣ таҳия ва қабул гардида, ҳоло лоиҳаи нави “Барномаи миллӣ барои солҳои 2021-2025” дар баррасӣ қарор дорад.

Дар доираи татбиқи барномаҳои қабулгардида шумораи марказу ташхисгоҳҳои замонавӣ афзоиш ёфта, фарогирии аҳолӣ ба ташхиси вируси норасоии масунияти одам сол ба сол беҳтар гардид ва ин нишондиҳанда соли 2020 нисбат ба соли 2010 қариб шаш баробар зиёд шуд.

Таҳлили вазъи сирояти вируси норасоии масунияти одам нишон медиҳад, ки он тамоюли зиёдшавӣ дошта, ба ҳолати 1-уми июли соли 2020 дар кишвар расман 12666 нафар шахсони бо ин вирус сироятёфта ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то ба имрӯз 3455 нафар фавтидааст.

Ба мақсади пешгирӣ намудан ва мубориза бар зидди бемории диабети қанд, ки ба гурӯҳи бемориҳои дар байни аҳолии Тоҷикистон паҳнгардида дохил мешавад, якчанд барномаи мубориза бар зидди диабети қанд қабул ва амалӣ карда шудааст.

Вале бо вуҷуди ин, шумораи беморони диабети қанд дар кишвар мунтазам афзуда истодааст.

Масалан, соли 2001 шумораи шахсони ба бемории диабети қанд гирифторшуда 10326 нафарро ташкил мекард, вале соли 2019 ин шумора ба 46256 нафар расидааст.

Вазъи зикршуда ва дар айни замон зиёдшавии дигар бемориҳои эндокринологӣ андешидани тадбирҳои қатъии иловагиро тақозо менамояд.

Дар ин самт, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда доир ба сабабҳои сар задани чунин бемориҳо, аз ҷумла камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти маводи ғизоӣ, пурхӯрӣ ва манфиати тарзи ҳаёти солим ва махсусан, варзиш ва фаъолнокии ҷисмонӣ пурзӯр карда шаванд.

Ҳарчанд ки бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон заминаи моддиву техникии муассисаҳои зиддисаратонӣ пурқувват гардонида шуд, аммо сатҳи беморшавии умумӣ ва беморшавии аввалия бо саратон сол ба сол боло рафта истодааст.

Ин нишондиҳанда соли 2009 нисбат ба 100 ҳазор аҳолӣ 133,5 нафарро ташкил мекард, вале соли 2019 ба 191,6 нафар расидааст.

Илова ба бемориҳои зикршуда дар кишвар болоравии сатҳи нашъамандӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабул намудааст.

Ҳамчунин, сохторҳое низ таъсис дода шудаанд, ки иҷро ва риояи ин санадҳоро таъмин ва назорат мекунанд.

Дар натиҷаи чораҳои амалгардида сатҳи нашъамандӣ аз соли 2007 сар карда, рӯ ба камшавӣ овардааст.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки минбаъд вазъи нашъамандиро таҳти баррасӣ ва назорати ҷиддӣ қарор дода, бо мақсади коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва сари вақт андешидани тадбирҳои таъхирнопазир, инчунин, вобаста ба таъсис додани маркази замонавии офиятбахшӣ ва табобати шахсони гирифтори нашъамандӣ дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии “Тангаӣ” ва ҷалби таваҷҷуҳи донорҳо ва созмонҳои кумакрасон чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Яке аз самтҳои муҳимми ислоҳоти соҳаи тандурустӣ афзалият додан ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла тибби оилавӣ мебошад.

Аслан, рушди тибби оилавӣ дар Тоҷикистон аз соли 1998 оғоз гардид.

Дар давоми солҳои 1999-2019 дар доираи ислоҳот заминаи меъёрии ҳуқуқии тибби оилавӣ тавассути қабули қонунҳо, нақшаҳои стратегӣ ва барномаҳои дахлдор пурзӯр гардида, инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ, хусусан, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, рушди захираҳои инсонӣ, аз ҷумла тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ вусъат пайдо кард.

Дар натиҷаи беҳтар гардидани ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддиву техникии 43 фоизи муассисаҳои кумаки аввалия дастрасӣ ва имкониятҳои ташхису табобат беҳтар гардида, ба мусбат гардидани нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла кам шудани бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва афзоиши муроҷиати шаҳрвандон мусоидат намуд.

Дигар самти муҳимми хизматрасониҳои тиббӣ бо истифодаи дастовардҳои илми муосир ва технологияҳои ҳозиразамон ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ ва ташхису табобат мебошад.

Ҳадафи васеъ ба роҳ мондани ин таҷриба кам кардани шумораи беморони барои табобат ба кишварҳои дигар фиристодашаванда мебошад, ки ин, албатта, ба вазъи молиявии оилаҳои шахсони бемор таъсири мусбат мерасонад.

Корҳо дар ин самт имрӯз, аллакай, натиҷа дода истодаанд ва ҳоло шумораи эҳтиёҷмандон барои ташхису табобат дар муассисаҳои берун аз марзи кишвар то 50 фоиз коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки ин пешравӣ дар натиҷаи тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа ва беҳтар гардидани таъминот бо таҷҳизоти ҳозиразамон имконпазир гардид.

Имрӯз дар кишвар 21 дастгоҳи томографияи компютерӣ (дар соли 1991–ум 1 адад), 873 дастгоҳи ташхиси ултрасадо (соли 1992 — 12 адад), 76 дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ (соли 1997-1), 11 дастгоҳи томографияи магнитии резонансӣ, 8 дастгоҳи ангиографӣ ва 46 дастгоҳи рентгени рақамӣ дар хизмати мардум қарор дорад.

Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки дар кишвар то ба имрӯз муассисаи махсусгардонидашуда оид ба табобати бемориҳои сӯхтагӣ ва заҳролудшавӣ вуҷуд надорад.

Ҳоло чунин беморон дар шуъбаҳои дахлдори Маркази тиббии шаҳрии рақами 3 шаҳри Душанбе бистарӣ ва табобат карда мешаванд.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии махсусгардонидашуда оид ба бемориҳои сӯхтагӣ ва заҳролудшавиро омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд.

Ҳозирини арҷманд!

Ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат тайи солҳои истиқлоли давлатӣ нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон ва модарон мутаносибан дуюним ва сеюним баробар паст гардидааст.

Тибқи омори расмӣ, агар соли 1991 нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то яксола ба 40,9 баробар шуда бошад, ин рақам соли 2019 ба 14,9 нисбат ба 1000 зиндатаваллудро ташкил кардааст.

Бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори хадамоти ҳифзи саломатии модару кӯдак дар солҳои соҳибистиқлолӣ якчанд муассисаҳои нав сохта, ба истифода дода шуданд.

Ғамхорӣ дар ҳаққи наврасону ҷавонон ва таҳти назорат қарор додани вазъи саломатии онҳо метавонад, ки таваллуди насли солимро дар оянда таъмин намояд.

Дар ин ҷода қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ва ворид намудани илова ба Кодекси оила доир ба манъ кардани никоҳи хешу табори наздик нақши назаррас бозида истодааст.

Натиҷаи муоинаи 126 ҳазор нафар никоҳшавандагон танҳо дар соли 2019 имкон дод, ки пеш аз ақди никоҳ дар 2051 нафар як қатор бемориҳо муайян гардида, онҳо ба табобат ва назорат фаро гирифта шаванд.

Имрӯз аз 27 ҳазор нафар кӯдакони маъюб, ки ба қайд гирифта шудаанду ба онҳо аз ҳисоби буҷети давлат нафақаи маъюбӣ пардохта мешавад, қисми зиёдашон натиҷаи издивоҷи хешу табори наздик мебошад. Оилаҳое, ки дар онҳо тифли маъюб ба дунё меояд, як умр бадбахт мешаванд. Чунин оилаҳо, табиист, ки оилаҳои ҷавон мебошанд. Саволе ба миён меояд, ки барои бадбахтии онҳо кӣ ҷавоб мегӯяд?

Таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ яке аз самтҳои асосии ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Бо мақсади ислоҳоти низоми эмгузаронӣ ва пурзӯр намудани идоракунии сохтори иммунизатсия соли 1996 Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ва сохторҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, соли 2015 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат барои маркази зикргардида бинои алоҳида сохта, ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки норасоии мутахассисони бахши мазкур мушкилоти асосӣ дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро зарур аст, ки аз соли таҳсили 2020 – 2021 шурӯъ карда, факултаи нигаҳдории тандурустиву ҷамъиятиро ба факултаи тиббии профилактикӣ табдил дода, қабули ихтисосҳои эпидемиолог, иммунолог, вирусолог, микробиолог, бемориҳои сироятӣ ва беҳдоштиро ба роҳ монад.

Ҳамзамон бо ин, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар муассисаҳои илмию таълимии соҳа вазифадор карда мешаванд, ки барои бештар тарбия намудани чунин кадрҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба масъалаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ мехоҳам хотиррасон намоям, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо оби нӯшокии босифат, таъмиру таҷдиди шабакаҳои обу корези шаҳру ноҳияҳо, назорати сифати маводи ғизоӣ, молҳои истифодаи ҳаррӯза ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда хеле иқдомоти назаррасро амалӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва солимии аҳолии кишвар шароити мусоидро таъмин намуд.

Ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо ин корро минбаъд низ идома хоҳад дод.

Дар давраи 29 соли истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳру ноҳияҳо бо оби нӯшокӣ 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,6 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло дар ин самт боз 10 лоиҳаи нав ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Яъне барои бо оби босифати нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат, ки яке аз шартҳои асосии ҳифзи саломатӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ мебошад, 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ равона шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди бахши фарматсевтӣ дигар қисми муҳимми соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ бо мақсади батанзимдарории фаъолияти фарматсевтӣ ва муомилоти доруворӣ сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муомилоти доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Тибқи маълумот маблағи умумии воридоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ соли 2019 -ум 531 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 -ум 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

То ба имрӯз беш аз 90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бо вуҷуди то андозае беҳтар шудани нишондиҳандаҳои соҳа масъалаи муомилоти дорувории ба қайд гирифтанашуда ва ба талаботи стандартҳои сифат номутобиқ ҳанӯз ҳамчун мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад.

Соли 2019-ум 176 ҳазор килограмм доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи ба талабот номутобиқ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст, ки 142 ҳазор килограмми он доруворӣ ва молҳои тиббӣ мебошад.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки назорати сифати дорувории воридшаванда ва пешгирӣ кардани воридшавии доруҳои пастсифату муҳлаташон гузаштаро пурзӯр намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти дигаргуниҳои зиёди солҳои охир дар бозори фарматсевтии кишвар бавуҷудомада ва беҳтар намудани заминаи қонунгузории назорати муомилоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди соҳаи фармасевтӣ, бахусус, ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумат номгӯи дорувориҳои дар кишвар истеҳсолшаванда афзуда, аз 88 номгӯйи соли 2015 дар соли 2020 то 404 номгӯй расидааст. Вале ин ҳоло ҳам кам мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар вусъат ёфтани истеҳсоли дорувориҳо саҳми бахши хусусӣ намоён мебошад.

Соҳибкорони ватанӣ технологияҳои муосири истеҳсолиро ворид намуда, коркарди гиёҳҳои шифобахши кишварро ба роҳ монда истодаанд.

Ҳоло дар коргоҳу корхонаҳои таъсисдодаи соҳибкорони ватанӣ беш аз 400 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи корӣ таъмин гардида, дар вақти корҳои мавсимӣ то 4000 нафар кормандон ҷалб карда мешаванд.

Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ моҳи феврали соли 2018 ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид ва дар асоси онҳо ба истеҳсолкунандагони ватании доруворӣ ва молҳои тиббӣ имтиёзҳо муқаррар карда шуданд.

Ҳоло воридоти таҷҳизот, маводи ёрирасон ва маводи бастубанд аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Ғайр аз ин, тибқи ҳуҷҷатҳои зикршуда технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат ҳангоми воридот аз андози арзиши иловашудаву боҷи гумрукӣ ва фурӯши дорувории истеҳсоли ватанӣ аз пардохти андози арзиши иловашуда озод карда шудааст.

Оид ба аҳаммияти масъалаи рушди истеҳсоли доруворӣ дар паёмҳои Роҳбари давлат ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва ҳангоми вохӯриҳо бо кормандони соҳаи тандурустӣ чандин маротиба дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Аз ҷумла дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ рӯзи 20 майи соли 2020 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ”-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Бори дигар таъкид месозам, ки назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ буда, кафолати бехатарӣ ва табобати беморон ба он вобастагии мустақим дорад.

Кишвари мо макони гиёҳҳои шифобахш мебошад. Соли 2017 дар Паёми худ изҳор дошта будам, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд.

Вале то ба имрӯз истифода аз ин неъматҳои табиии диёрамон, аз ҷумла коркарди гиёҳҳои шифобахш дар сатҳи ғайриқаноатбахш қарор дорад.

Яке аз вазифаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назорати истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии соҳа мебошад.

Вале натиҷаи санҷишҳои Прокуратураи генералӣ нишон медиҳад, ки то ҳол дар фаъолияти баъзе муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ҳолатҳои азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ, гирифтани пора ва мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ҷой доранд.

Дар панҷ соли охир аз тарафи мақомоти прокуратура нисбат ба кормандони соҳаи тиб 26 парвандаи ҷиноятӣ барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, 11 парванда барои гирифтани пора ва 9 парванда барои гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ оғоз карда шудааст.

Илова бар ин, аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар муддати панҷуним соли охир нисбат ба 361 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 523 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хислати коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар низоми ҳифзи иҷтимоии комилан нав ташаккул ёфта, ҳоло дар марҳалаи рушд қарор дорад.

Имрӯз дар мамлакат зиёда аз 711 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 150 ҳазор маъюбон, ки беш аз 27 ҳазори онҳоро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шуда, қариб 15 фоизи хонаводаҳо ҳамчун оилаҳои камбизоати кишвар аз кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ бархурдор мебошанд.

Мувофиқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақахӯрон, аз ҷумла ба маъюбон ва кӯдакони маъюб фақат дар давоми соли 2019 ва шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат 3 миллиарду 960 миллион сомонӣ пардохта шудааст.

Аз 1 -уми сентябри соли 2020 андозаи ҳадди ақалли нафақа барои 14 706 нафар кӯдакони маъюби то 18 -сола ва 14 997 нафар маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, ки аз кӯдакӣ кор намекунанд ба андозаи 50 фоиз зиёд карда мешавад.

Танҳо ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлат дар 4 моҳи соли ҷорӣ пардохти беш аз 12 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аз соли 2004 механизми нави пардохтҳои иҷтимоӣ, ба монанди кумакпулӣ ба хонандагон аз оилаҳои камбизоат, ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ, гази табиӣ ва кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷорӣ карда шудааст.

Механизми мазкур тадриҷан дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ карда шуда, дар маҷмӯъ, зиёда аз 470 ҳазор оилаҳои камбизоат аз ин кумакҳо бархурдор гардида, ба онҳо дар ҳаҷми 177 миллион сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин шудааст ва ҳоло пардохт шуда истодааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад.

Дар ин давра даҳҳо санади қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ” ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат қабул карда шуданд.

То соли 1991 дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамагӣ 54 ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ амал мекарданд ва тайи 29 соли сипаригардида шумораи онҳо ба 105 муассиса расонида шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтар барои бошандагони муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дар мувофиқа бо Вазорати молия аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии соҳа ва бо ҷалби шарикони рушд масъалаи азнавсозӣ ва сохтмони муассисаҳои наву замонавиро дар солҳои минбаъда роҳандозӣ намояд.

Ҳоло таҷдиди фаъолияти  хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва беморони рӯҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ёвон ва Ҷаббор Расулов идома дорад.

Соли 2010 сохтмони “Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон” оғоз гардида, корҳои сохтмон дар ду бинои он тибқи нақша идома доранд.

Ба истифода додани биноҳои нав имкон медиҳад, ки шумораи истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ бештар ва шароити тавонбахшии кӯдакони маъюб беҳтар гардида, ҳамзамон бо ин, ниёзмандон аз дигар кишварҳо ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд.

Зеро он нахустин маркази байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарияти вазоратро зарур аст, ки ба ҷараёни сохтмони маркази зикршуда аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонидани сохтмони он тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳамчунин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав масъалаи ҷалби сармояи хориҷиро барои сохтмони бинои наву замонавии корхонаи протезиву ортопедии шаҳри Душанбе баррасӣ намуда, то охири соли ҷорӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди асоснок манзур намоянд.

Хотирнишон месозам, ки дар низоми таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар ҳанӯз ҳам масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ, меҳнат ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳ монда нашудааст.

Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав бояд ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳо оид ба тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои соҳа чораҷӯӣ намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар оянда низ барои рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ, таъминоти нафақа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Зеро ин соҳа, яъне ғамхории доимӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади ҳалли мушкилоту масъалаҳои соҳаи тандурустӣ, бартараф кардани камбудиҳои зикршуда ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои соҳа зарур аст, ки дар солҳои минбаъда ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

  1. Барои омода намудани мутахассисони босалоҳияту баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва шарикони рушд ба Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ иловаҳои зарурӣ ворид карда шуда, низоми таҳсилоти баъдидипломии тиббӣ тақвият бахшида шавад.
  2. Бо мақсади паст намудани сатҳи муҳоҷирати табибон ба хориҷи кишвар роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон ва оила барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии табибони ҷавон чораҳои мушаххас андешанд.
  3. Барои баланд бардоштани маҳорату малакаи идоракунии ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои табобатӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ дар Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ курсҳои омӯзиши менеҷменти соҳаи тандурустӣ ба роҳ монда шаванд.
  4. Барномаи рақамикунонии низоми тандурустӣ ба роҳ монда, пойгоҳи ягонаи тиббии Тоҷикистон таъсис ва сохтори масъули давлатӣ муайян карда шавад.
  5. Пойгоҳҳои клиникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақвият дода, доир ба бунёди клиникаҳои донишгоҳӣ чораҷӯӣ ва дар минтақаҳо озмоишгоҳҳои муосири ташхиси бемориҳо ташкил карда шаванд.
  6. Барои омода намудани мутахассисони соҳаи равоншиносӣ ва беҳдошт чораҳои иловагӣ андешида, мутахассисони равоншинос, сироятшинос ва беҳдошт ба муассисаҳои таълимиву табобатӣ вобаста карда шаванд.
  7. Барномаи миёнамуҳлати рушди саноати дорусозӣ ва тиббӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.
  8. Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатӣ таҳия гардида, давра ба давра бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз сохтани ҳамаи муассисаҳои табобатӣ самти афзалиятноки он муайян карда шавад.
  9. Вазъи мураккаби эпидемиологии соли ҷорӣ нишон дод, ки дар кишвар масъалаи норасоии мутахассисони вирусолог, эпидемиолог, иммунолог ва реаниматолог бисёр ҷиддист.

Бо ин мақсад зарур аст, ки кормандони озмоишгоҳҳои соҳавии вирусологии фаъолияткунанда ҷиҳати ташхиси бемории КОВИД-19 дар байни одамон, ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта, илова бар ин, дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҳисоби кормандони соҳаи тиб, биологҳо ва байторҳо мутахассисони соҳаҳои зикршуда омода карда шаванд.

Таъкид месозам, ки ин кор бисёр зарур аст ва бояд фаврӣ ба роҳ монда шавад.

  1. Барои пешгирӣ кардани воридоти доруҳои қалбакӣ ва ба талабот номутобиқ, дар назди Хадамоти давлатии фаъолияти фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маркази таҳлили биоэквивалентии дору таъсис дода шавад.
  2. Ташкили Комиссияи фаврии зиддиэпидемиологӣ, ситодҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ ва ҳамоҳангу ҷоннок намудани фаъолияти муштараки онҳо дар ҳар як беморхона ва марказҳои саломатӣ фаъолият намудани мутахассиси эпидемиолог ва мунтазам гузаронидани машқҳо оид ба андешидани чораҳои фаврӣ ҳангоми пайдошавии ин ё он бемории сироятӣ хеле зарур мебошад.
  3. Дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дигар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии кишвар барои зинаҳои магистратура ва докторантураи соҳаҳои табиатшиносӣ (биология, химия, физика, тиб, байторӣ, фармакология ва монанди инҳо) курсҳои ҳатмии омӯзишӣ оид ба бехатарии биологӣ, ҳимояи биологӣ ва биоэтика роҳандозӣ карда шаванд.

Барномаи ин курси махсус ба барномаҳои таълимии магистратура ва докторантура ворид карда, барои тасдиқ ба вазоратҳои маориф ва илм ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда шавад.

  1. Таҳияи барномаи амалӣ оид ба омӯзонидани наҷотдиҳандагон, табибон, байторҳо, биологҳо ва кормандони хадамоти садамавӣ ҷиҳати андешидани чораҳои фаврӣ ҳангоми истифодаи маводи хавфноки биологӣ ва дар ин замина гузаронидани машқҳои саҳроӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ зарур аст.
  2. Ситоди ҷумҳуриявиро зарур аст, ки ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ карда, корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи тавсияҳои мутахассисон ва қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ҷоннок намояд.
  3. Бо дарназардошти он, ки татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи тандурустӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба малакаи ташкилотчигӣ, донишу таҷриба ва қобилияти кордонии сартабибон вобастагии зиёд дорад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки талаботро нисбат ба мутахассисоне, ки ба вазифаи сартабиб таъйин карда мешаванд, пурзӯр намуда, ба масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва давра ба давра аз аттестатсия гузаронидани онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳад.
  4. Бо сабаби он, ки муҳлати татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ба охир расида истодааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки стратегияи нави рушди соҳаро барои то соли 2030 таҳия ва ба Ҳукумат манзур намояд.

Дӯстони гиромӣ!

Борҳо таъкид кардаам ва боз такрор мекунам, ки табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд.

Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд.

Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад.

Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.

Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед.

Ин алломаи замон дар вазнинтарин рӯзҳои сахти мардум аз байни одамон ҷудо нагардид, тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хешро барои шифои беморон сарф намуд ва умедаш ҳамеша тандурустии инсон буд.

Умедворам, ки шумо низ ба хотири рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳимояи сиҳатии шаҳрвандони кишварамон ҳамаи саъю талоши худро сафарбар месозед.

Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба муносибати ҷашни касбӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ин кори заҳматталаб, вале пуршараф барору муваффақият орзу менамоям.

Хамеша саодатманд ва сарбаланд бошед.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 142
  • 1,263
  • 841,891