Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонии Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонии Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо
Август 25
09:07 2020

Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими иншооти гуногун ҷараён дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд шинос шуд.

Ҷоизи зикр аст, ки сохтмони бинои нави табобатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта, мувофиқи лоиҳа бинои нав аз таҳхона ва чор ошёна иборат аст. Бинои табобатӣ барои 200 кат пешбинӣ шуда, айни замон беш аз 100 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Евростройсервис» ба анҷом расонида истодаанд.

Бино ба иттилои масъулин то имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ иҷро гардида, сохтмончиён ба ороишу рангуборкунӣ, сафолакпӯш кардан ва ойинабандии бино машғул ҳастанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 733
  • 1,263
  • 842,482