Шамсиддини Шоҳин: 12 нафар кӯдаки маъюб соҳиби аробача шуданд

Шамсиддини Шоҳин: 12 нафар кӯдаки маъюб соҳиби аробача шуданд
Август 31
14:36 2020

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо мақсади амалишавии  Барномаи  миллии  тавонбахшии маъюбон дар ҳамкорӣ бо Маркази  тавонбахшии «Умедбахш»-и ноҳия  дар байни кӯдакони  дорои имконияти маҳдуд панҷ маротиба  барномаҳои варзишию фароғатӣ  гузаронида шуда, 12 нафар  кӯдаки маъюб  бо дастгирии ҳамин марказ бо аробачаи маъюбӣ таъмин карда шуданд.

Бино ба иттилои  муовини  роҳбари шабакаи  муассисаҳои КАТС-и ноҳия Ҷумахон Назаров,  дар якҷоягӣ  бо Маркази  ташаккули тарзи ҳаёти солим  дар байни аҳолӣ  ва марказҳои саломатии деҳот  гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, бо шахсони дорои имконияти маҳдуд зиёда аз 27 маротиба суҳбату вохӯриҳо  гузаронида шуданд.

Дар ин давра бо дастгирии  шарикони рушд дар назди бинои Маркази саломатии  ноҳия  ва Беморхонаи  марказии ноҳия  роҳрав барои истифода аз аробачаи маъюбӣ сохта шуд.

Инчунин барои 18 нафар  кормандони тибби ноҳия  дар мавзӯи «Тавонбахшии маъюбон»  давраи омӯзишӣ гузаронида шуд.

(Акс аз бойгонӣ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 946
  • 1,263
  • 842,695