Вохурӣ бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19

Вохурӣ бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19
Август 31
17:09 2020

Тибқи  дастуру супоришҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19  ва дар ин замина боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” миёни табибони Маркази саломатии шаҳри Бохтар  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни баргузории як вохурӣ, ки дар Маркази саломатии шаҳри Бохтар доир гардид,  роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” ва кормандони маркази саломатии мазкур вобаста ба роҳҳои пешгирии бемории COVID-19, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ,  махсусан пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ  табодули афкор намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”  Мухторова Парвина  иброз намуд, ки риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба мардум роҳҳои пешгирии ин беморӣ ба таври бояду шояд фаҳмонида шаванд.

Қайд карда шуд, ки новобаста ба таъкидҳои пайвастаи мутахассисони соҳа, ҳанӯз ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву бозорҳо ва дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандони зиёде ба мушоҳида мерасанд, ки қоидаҳои пешгирикунандаи бемории мазкурро риоя наменамоянд.

Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии маризии мазкур боз ҳам пурзӯр намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 696
  • 1,172
  • 833,368