Зиндадил бошед, то қавируҳ бимонед!

<span class="dojodigital_toggle_title">Зиндадил бошед, то қавируҳ бимонед!</span>
Сентябр 02
10:01 2020

Саломатӣ асоси некӯаҳволии шахсӣ, оилавӣ ва иҷтимоии инсон мебошад. Барои тансиҳат  будани худ ва фарзандонамон мо бояд кадом корҳоро анҷом диҳем?

Олимони физиолог ва табибон таъкид мекунанад, ки инсон метавонад аз лаҳзаҳои тавлид шуданаш  100 сол бидуни беморие зиндагӣ намояд. Албатта, дар ҳоле, ки агар ӯ ҳануз аз даврони ба дунё омаданаш дар худ тарзи ҳаёти солимро ҷой дода, ба қонунҳои табиат ва инсоният риоя намояд. Ва инчунин волидонаш низ  пеш аз ӯ  чунин тарзи ҳаётро интихоб намуда бошанд.

Ба консепсияи «тарзи ҳаёти солим» рафтори иҷтимоӣ ва психологии инсон, шартҳои асосии гигиении ташаккули организми инсон дохил мешаванд.

Фаъолияти иҷтимоии инсон, оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ, ҳаракати фаъоли муносиб, гигиенаи шахсӣ, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хурду хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимӣ дар коллектив. Ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд.

Меҳвари тарзи ҳаёти солимро, фаъолияти иҷтимоии инсон метавон  гуфт. Зеро он ба ташаббускорӣ вобаста буда, дар меҳнат, таҳсил ва  муомилот ошкор мешавад. Инсон – ин ягонагии ногусастании биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Шахси фаъол ва мақсаддор намегузорад, ки рӯҳу танаш танбалӣ кунад, муддати дароз ҷавонӣ ва зиндадилиро нигоҳ дошта, ҳатто дар пирӣ низ қувваи созандаи эҷодиашро давом медиҳад.

Дар муқобил, беғайратии иҷтимоӣ, даст кашидан аз қуллаҳои мақсад, мурдадилӣ, набудани машғулияти дӯстдошта, бефаъолиятӣ, ба олами ғуссаҳо рафтан, руҳафтодагӣ, афсурдаҳолӣ  шахсро ба таназзул оварда мерасонад. Дар ин бора биологи машҳури  Канадагӣ, профессор Ганс Селья яке аз асосгузорони назарияи стресс, гуфтааст: «Барои он ки ба зиндагиамон маънӣ бахшем, мо бояд дар назди худ як масъалаи душвор ва дарозмуддат  гузорем. Мо бояд чунин ба мақсад расем, ки аз мо кори душворро талаб кунад. Набудани чунин мақсад – яке аз стрессҳои калонест, ки инсонро ба захми меъда, сактаи дил, гипертония ва ё ба ягон хел ҳолати бенишот меоварад.

Чи бояд кард, ки фаъолияти иҷтимоии меҳнатиро бештар намуда, барои пешрафти ҷомеа саҳм гузошт.

Энергия дар организм ҳангоми ҳаракат ба вуқуъ меояд. Инсонро табиат барои фаъолияти ҷисмонӣ офаридааст, ки ба он ҳамаи узвҳо ва система бо якдигар мутобиқ карда шудаанд. Зиёда аз ними вазни танро дастгоҳи ҳаракат ташкил медиҳад: скелет ва мушакҳо. Қалб ва хунгарди, системаи нафаскашӣ ва асаб, системаи ҳозима ва ғадудҳои тарашшуҳи дохила – ҳамаи ин  тарзе сохта шудааст, ки фаъолияти мунтазами  мушакҳоро ба амал меоваранд. Сигналҳое, ки аз мушакҳои ҳаракатдиҳанда ба майнаи сар ворид мешаванд, дар марҳилаҳои муайяни ҳаёти кӯдак, барномаҳои ташшакулёбии ирсии организми ӯро ба миён меорад. Агар ин масъаларо бештар  бинем, бояд қайд кард, ки фаъолияти ҳаракат дар инсони даврони ибтидои  ҳолати рӯҳиро ба миён оварда, дар инсони замони ҳозира бошад, дар моҳҳо ва солҳои аввали зиндагӣ тараққӣ мекунад.

Дар ҳаракат маънои ҳаёт нуҳуфта аст. Организми инсон дар баробари сарф кардани энергия, дар ҳолатҳои гуногун онро аз нав пур мекунад, дар ҳоле, ки агар худи шахс бештар фаъолият намуда талош кунад, ки ғизоҳои энергетикиро истифода намояд. Дар чунин ҳолат энергияи сарфшуда барқарор мегардад. Дар акси ҳол раванди мубодила дарҳол суст шуда, энергия ҷамъ намешавад, инчунин ҳуҷайраҳои мағзи сар ва бадан бо ғизо таъмин нагардида,  раванди ташаккулёбии организм рушд намеёбад.

Пайваста фаъолияти мунтазам накардан, ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Мушакҳои дилро суст карда, ҳолатҳои фарбеҳшавиро ба амал меоварад ва тонуси мушакҳо, кори  фикронӣ ва ҷисмонӣ паст мешаванд, эҳтимолияти сар задани бемориҳои асаб, дилу рагҳо, вайроншавии мубодилаи ғизо ба миён меояд.

Зарари гиподинамияро бештар дар шахсоне, ки дар шаҳрҳо  зиндагӣ мекунанд бештар мушоҳида кардан мумкин аст, зеро  шаҳрнишинонро зарур аст, ки дар воситаҳои нақлиёт, нишаста  ба кор раванд, ки ин ҳолат ба организми онҳо фишори асабӣ ва мушакиро ба миён меоварад. Бисёре аз касбҳои имрӯза дар ҳолати беҳаракатӣ, бо сарфи минималии қувваи ҷисмонӣ ҳастанд. Дар муддати рӯз, мо  аз як курсӣ ба як курсии дигар менишинем, ин амалиётҳоро бо гашту гузор ба бозору мағозаҳо иваз менамоем. Ва ҳамаи ин дар ҳолати норасоии  вақт, саросемаги, ба қавле  “шишта саросемаем”. Ва бо ҳамин тарзи зиндагӣ ба мушакҳоямон имконият медиҳем, ки онҳо мудати дароз беҳаракат ва суст бошанд, дар чунин ҳол  рӯҳу асаб– мудати дароз фишор мебинанд.

Занҷири маъмулии тарзи ҳаёти камҳаракатро кандан душвор аст. Барои аз чунин мушкили баромадан моро зарур аст, ки бештар ҳаракат кунему ба  машқҳои ҷисмони машғул шавем. Бояд қайд кард, ки агар шахс машқҳои ҷисмониро дар табит ба ҷо оварад таъсири мусбии он ба организм зиёдтар мешавад.  Зеро омилҳои гигиении табиат (офтоб, ҳаво, об) беҳтарин воситаи обутоб ва  пешгирии бемориҳост.

Дар ҷойҳое, ки сард аст яъне дар онҷо ҳисси хунуки мушоҳида мегардад ба машқи ҷисмонӣ машғул шудан аз аҳмият холи нест. Зеро хунуки таъсири хубе ба системаи асаб, дилу рагҳо ва озодона нафас гирифтанро  дошта, инчунин мубодилаи ғизоро беҳтар карда, кори узвҳои таносулро дар сатҳи балан ба танзим медарорад. Баръакси таъсири оромкунандаи гармӣ бояд таъсири мунтазами хунукӣ низ бошад.

Аз ҳад зиёд истифода намудани ғизо метавонад ба организм зарари ҷиди расонад.

Масалан  вазни бадан, аз ҳисоби  равғани шикам, сина, гардан ва рон зиёд шуда,  барои фаъолияти мунтазами шахс  халали ҷиддӣ ворид менамояд. Дар урфият мегуянд: “Фарбеҳ шудан – пир шудан аст”.

Хулоса хурду хуроки дуруст ва фаъолияти ҷисмонӣ яке аз омилҳои асосии тарзи ҳаёти солим мебошад. Чуноне, ки дар боло қайд намудем, ҳаёти асосии инсон аз фаъолияти иҷтимоӣ, некуаҳволии мардум, ки ба кас муоширати кайфияти руҳи медиҳад иборат аст.

Лола Муҳиддинова, табиб

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,029
  • 1,263
  • 842,778