Александр Семёнов, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: омори расмии вобаста ба коронавирус дар Тоҷикистон дуруст аст

Александр Семёнов, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: омори расмии вобаста ба коронавирус дар Тоҷикистон дуруст аст
Сентябр 05
14:01 2020

Муовини директори Пажӯҳишгоҳи эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Пастери Россия, доктори илмҳои биологӣ, профессор  Александр Семёнов, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тайи якуним моҳ дар Тоҷикистон қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти  ҳолатҳои коронавирус аз сӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дуруст роҳандозӣ шудааст. Дар ин бора агентии иттилоотии «Sputnik» 4 сентябр хабар додааст.

«Ҳар кишваре барои худ ҳисобдориро муайян мекунад. Ҷое ниёз ба таъйиди озмоишгоҳӣ ҳаст, дар ҷои дигар бар асоси нишондодҳои клиникӣ ташхис медиҳанд. Барои мисол, дар Россия  аз ҳарду роҳ истифода мекунанд,  дар Олмон аз роҳи севум ё дар Амрико аз роҳи чорум мераванд», — гуфт Александр Семёнов.

Раҳбари ҳайати «Роспотребнадзор»   мегӯяд, дар Тоҷикистон таъйиди он, ки фавт аз илтиҳоби шуш ё дигар маризӣ рух додааст, дуруст аст.

Хотиррасон мешавем, ки Тоҷикистон аввалин мавориди гирифторӣ ба  COVID-19 — ро 30 апрел эълон карда буд. Аз он рӯз то ба ҳол, тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат    8724 нафар ба ин маризӣ гирифтор шуда, 7515 (86,1%) нафар шифо ёфтаанд ва 69 нафар  ҷонҳои худро аз даст додаанд.

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,139
  • 1,168
  • 841,625