Хуҷанд: Рейди муштарак ҳолати риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ санҷид

Хуҷанд: Рейди муштарак ҳолати риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ санҷид
Сентябр 07
09:10 2020

Чанде қабл рейди муштараки кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо дигар мақомоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт бо мақсади назорати реҷаи ниқобӣ, риояи талаботи фосилаи иҷтимоӣ ва дигар тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нақлиёти ҷамъиятӣ сурат гирифт.

Мушоҳидаҳо собит намуданд, ки бархе ронандагони микроавтобусҳо, ёварони онҳо, мусофирон то ҳол реҷаи ниқобӣ ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд ва нисбати ин масъала хунукназарона рафтор менамоянд. Бемасъулиятии ронандагон то дараҷае, ки мусофиронро бениқоб ба микроавтобус ва ё автобус савор мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза бо пиёда сохтани корҳои фаҳмондадиҳӣ мардумро ба риояи бечунучарои реҷаи ниқобӣ даъват менамоянд.

Бо назардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии короновирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби мақомоти марбута чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 пурзўр гардида, ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ корҳои тарғибу ташвиқот амалӣ шуда, шаҳрвандонро водор намуда истодаанд, ки барои ҳифзи саломатиашон ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намоянд.

Дар натиҷаи рейди муштарак дар баробари анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбати якчанд нафар ронандагон ва мусофирон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз шаҳрвандон эҳтиромона даъват менамояд, ки беҳдошти ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемории короновирус эмин доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 976
  • 1,263
  • 842,725