Дандонро чӣ гуна бояд солим нигоҳ дошт?

Дандонро чӣ гуна бояд солим нигоҳ дошт?
Сентябр 14
13:01 2020

Сабаби асосии ба дарди дандон гирифтор шудан- ин риоя накадани беҳдошти ковокии даҳон мебошад. Он  ғизое, ки истеъмол карда мешавад ва хамирае, ки барои шустани дандонҳо истифода бурда мешавад, бояд аз рӯи таъйиноти мутахассис бошад. Агар беҳдошти ковокии даҳон хуб бошад ва ғизоҳои сервитамин истеъмол карда шаванд, дандонҳо камтар ба бемориҳо гирифтор мешаванд.

Таҳлилҳо муайян кардаанд, ки солҳои охир занҳои ҳомила бештар ба дарди дандон гирифтор мешаванд ва ё  онҳое, ки  то давраи ҳомиладорӣ аллакай чанд дандонашон талаф ёфтааст, мефазояд. Ин аз норасоии витамин  сар мезанад. Ғизоеро, ки модар истеъмол мекунад, кӯдаки дар батн буда витаминҳои онро ба худ ҷаббида мегирад. Дар натиҷаи  норасоии витаминҳо дандонҳо оҳиста-оҳиста ба шикастан ва оризаҳои  дандон дучор мешаванд.

Тибқи хулосаҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ, баъзе бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  зардпарвин (гепатит), ВНМО (ВИЧ/СПИД) дар ҷараёни  табобати дандон низ метавонанд ба шахси солим гузаранд.

Бо  мақсади солим нигоҳ доштани беморон  мо тамоми стандартҳоеро, ки асбоби бисёркаратаро безарар мегардонанд, омӯхта, дар кори худ истифода менамоем. Ин асбоб пас аз истифода  дар қоғазҳои махсус ва индикаторҳо гузошта шуда, дар ҳарорати муайяншуда безарар гардонида мешаванд. Бояд гуфт, ки дар тамоми давлатҳои пешрафта чунин корҳо ба роҳ монда шудаанд.  Ҳоло бо боварӣ метавонам гӯям, ки дар кишвари мо сирояти бемориҳои ВНМО ва  зардпарвин тавассути табобати дандон кам ба назар мерасанд. Инчунин, мо дар ин самт тамоми ҳамшираҳои тиббиро аз омӯзиши махсус  гузаронида, тарзи дурусти безараргардонии асбоби бисёркарата ва эҳтиёт намудан аз бемориҳои гуногунро омӯхтаем.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати солим нигоҳ доштани дандон пеш аз ҳама бояд ба хамираи дандоншӯӣ диққати махсус дод. Зеро таркиби хамираҳои дандоншӯӣ аз якчанд микроэлементҳо: калсий, фосфор, магний, фтор ва оҳан иборат мебошад. Инҳо барои пешгирии бемориҳои дандон, аз ҷумла кариес саҳми назаррас доранд.  Инчунин баъзе хамираҳо  аз алафҳои шифобахш омода шудаанд, ба монанди «Лесной балзам». Ин хамира аз гиёҳҳои шифобахш омода шуда, барои милки дандон фоидаи зиёд дорад, ки он метавонад газаки дандонро гирифта, хунравии онро боздорад. Инчунин парадон- бофтаҳои пайвасткунандаи атрофи решаро кам кунад. Вале ин хамира бемории кариесро  пешгирӣ карда наметавонад. Зеро дар таркиби он калсий, оҳан ва фосфор мавҷуд нест. Дар таркиби хамираи «Колгейт»  калсий мавҷуд аст. Аз ин рӯ гирифторони бемориҳои дандон метавонанд саҳар аз хамираи «Лесной балзам» ва шом аз хамираи «Колгейт» ва ё дигар хамирае, ки дорои микроэлементҳо мебошад, истифода кунанд.

Инчунин, мо бояд ба чуткаҳои дандоншӯӣ ва шӯстани дандон диққати махсус диҳем. Бояд гуфт, ки дар 1 милиграмм чирки дандон беш аз 1 миллион микроб ҷойгир мебошад, ки онҳоро танҳо дар зери микроскоп дидан мумкин аст. Дар  ҳолати тоза нашӯстани дандон микроб ва санге, ки дар дандон мавҷуд аст, оҳиста- оҳиста бофтаҳои атрофи дандонро нобуд карда, онро ба беҷошавӣ оварда мерасонад.

Қосимов Маҳмадулло,

директори Муассисаи давлатии

«Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии

стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй»

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 16
  • 1,263
  • 1,168
  • 841,749