Баррасии фаъолияти Лоиҳа дар ҷаласаи васеи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ

Баррасии фаъолияти Лоиҳа дар ҷаласаи васеи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ
Сентябр 16
12:45 2020

15 сентябри соли равон дар меҳмонҳонаи “Хилтон” ҷаласаи васеъи Гурӯҳи ҳамоҳангсозии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи  лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ мегардад, баргузор шуд. Дар кори ҷаласа Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон/ҳамоҳангсози Лоиҳа, Ирэна Постоловска, намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ, иқтисодчӣ ва роҳбари лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ва роҳбарони муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа иштирок доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки  намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд тариқи онлайн  дар ҷаласа иштирок намуданд. Ҳамчунин намояндагони  Лоиҳа дар вилоятҳои  Суғду Хатлон ва роҳбарони ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа ба тариқи мустақим пайваст шуданд.

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар хусуси саҳми Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” сухан ронда, зикр дошт, ки Лоиҳа тӯли беш аз шаш сол бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ бо муваффақият амалӣ гашта, ба дастовардҳои зиёд ноил шуд.

Намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ Ирэна Постоловска, иқтисодчӣ ва роҳбари лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар баромади худ изҳори умедворӣ намуд, ки Лоиҳа фаъолияти худро  ҳамчунин босамар идома дода, ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ хоҳад расид.

Дар идомаи ҷаласа дар бораи “Қадамҳои минбаъда дар доираи Маблағгузории иловагии 2 ба Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” офитсери Лоиҳа Холназар Баҳодур Маҳмадназар маълумоти муфассал дод. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки ҳамагӣ дар доираи маблағгузории дуюми иловагӣ (МИ-2) 12 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст, ки 10 миллиони он аз тарафи гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва 2 млн. аз тарафи Алянси глобалӣ оид ба ваксина ва иммунизатсия ҷудо гардидааст. Мақсади асосии Лоиҳа мусоидат намудан ба беҳтаршавии фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тандурустии деҳоти дурдаст, яъне марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳияҳои интихобшуда тариқи баланд бардоштани иқтидори КАТС ва пардохтҳои ҳавасмандгардонӣ аз рӯи натиҷаҳои меҳнат мебошад.

Дар доираи маблағи иловагӣ-2 ба 10 ноҳияи пилотӣ боз 6 ноҳия илова гардидааст. Оғози фаъолият аз семоҳаи чоруми соли 2020 дар 16 ноҳияи пилотии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Данғара, Ҷ. Балхӣ, Қубодиён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Кушониён, А. Ҷомӣ, Фархор ва Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Деваштич, Мастчох, Спитамен, Зафаробод ва Ҷ. Расулови вилояти Суғд, ноҳияи Дарвози ВМКБ ва Файзобод давраҳои омодабошӣ ва омӯзишӣ оғоз ёфта, татбиқи он аз моҳи январи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Лоиха аз се қисмати асосӣ иборат аст:

1.Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият,

2.Тақвияти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ,

3.Идоракунии Лоиҳа, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбӣ.

Оид ба “Ҳадафҳо ва дастовардҳои Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар ноҳияҳои таҷрибавӣ Қаландаров Шуҳрат Абдураҳмонович, сармутахассис оид ба идоракунии МАНФ ва  Мирсабурова Саодат Ҷурабоевна, ҳамоҳангсоз оид ба верификатсияи Лоиҳа маълумоти муфассал доданд.

Мушовири Бонки Умумиҷаҳонӣ Намрита Сингх оид ба “Таҳлил/баҳодиҳии таъсири маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият  ба хизматрасониҳои тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ” фикру андешаҳои худро баён намуда, пешниҳодҳои судмандро барои боз ҳам самараноктар ба роҳ мондани фаъолияти Лоиҳа дар доираи маблағгузории иловагӣ баён дошт.

Иштирокчиёни дигари  ҷаласа Салоҳиддин Раҷабзода, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ, мутахассисони варзидаи соҳа Шералӣ Раҳматуллоев, Муаззама Ҷамолова фикру андеша ва пешниҳодҳои хешро иброз доштанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,176
  • 1,168
  • 841,662