Рушди коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тиббӣ дар Тоҷикистон

Рушди коркарди гиёҳҳои шифобахш  ва тиббӣ дар Тоҷикистон
Сентябр 17
10:21 2020

6 августи соли 2019  Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Хӯҷаи сабз” дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1000 сомонӣ таъмин шудаанд. Дар мавсими ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои ҷангалзори минтақа бошад зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мегардад.

Иншоот дар маркази деҳоти Сари Хосор, дар масоҳати 285 метри мураббаъ бунёд гардида, аз анбори аввалия, сехҳои коркард ва банду басти гиёҳҳои шифобахш ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Сари Хосор” ҳамчунин аз меваи дарахтони ҷангалзори минтақа, аз ҷумла бодоми талхдона, чормағз,  ангат, канадона, инчунин ҳосили зироати зағир ва ғайра равғани табобатӣ истеҳсол карда мешавад. Дар ин корхона, 8 дастгоҳу таҷҳизот барои коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши куҳсори Тоҷикистон, аз ҷумла дастгоҳ барои гиёҳмайдакунӣ, гиёҳордкунӣ, банду басти халтачаҳои полоишӣ, дастгоҳи равғанкашӣ ва ғайра насб карда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 800 қуттии шартӣ ва беш аз 100 литр равғани табобатӣ аз меваи дарахтони ҷангалӣ мебошад. Тибқи иттилоъ дар минтақаи Сари Хосор зиёда аз 100 намуд гулу гиёҳҳои шифобахш мерӯяд ва аксари он дар корхонаи мазкур коркард ва банду баст мешавад.

Ҳамзамон, 28 сентябри соли  2019 дар Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи  истеҳсоли маводи доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ба фаъолият оғоз намуд.

Мавриди зикри хос аст, ки корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон вобаста ба коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ба истифода дода шуд.

Дар ин корхона тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахши ватании “Шираи камол” ва “Решаи ширинбия” маводҳои доруворӣ ва маводҳои фаъоли биологӣ истеҳсол мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур дастгоҳу таҷҳизотҳо барои коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ, аз ҷумла дастгоҳ барои гиёҳмайдакунӣ, гиёҳордкунӣ, банду басти халтачаҳои полоишӣ, дастгоҳи равғанкашӣ, дастгоҳҳо барои тоза кардани об,  дастгоҳҳо барои истеҳсоли шарбат ва истеҳсоли доруворӣ дар ғилофак (капсула)  ва ғайра насб карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар корхонаи мазкур бори аввал дар кишвар маводи фаъоли биологӣ аз шираи камол “Ферулин” ва “шарбати решаи ширинбия”  дар шиша истеҳсол карда шудааст. Бағайр аз ин дар корхонаи мазкур 15 номгӯи гиёҳҳои шифобахш дар халтачаҳои полоишӣ коркард ва бастубанд гардида, истесоли равғани сиёҳҳдона, зағир ва канадонна ба роҳ монда шудааст.

Барои таъмир ва азнавсозии бино ва харидории таҷҳизотҳои зарурӣ барои истеҳсоли доруворӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахш аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда ва махсуси вазорат маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ гардида дар ин корхона 20 нафар мутахасисион ба ҷои кори доими ва то 100 нафар дар корҳои мавсими ҷалб мегарданд.

Ҳамзамон, маврид ба ёдоварист, ки дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсии  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс”-ро 5 ноябри соли 2018 ифтитоҳ бахшида, аз масъулону мутахассисони корхона истеҳсоли маҳсулотҳои тиббии баландсифат ва бандубасти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалиро тақозо намуданд.

Корхонаи мазкур яке аз силсилаи коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулот аз пахтаи маҳаллӣ, аз ҷумла  бандубасти пахтаи тиббии тамъизшуда, маводҳои бастубанди тиббӣ, маводҳои косметологии аз пахта тайёршуда ва маводҳои истифодаи гигиенаи шахсӣ иборат мебошад. Корхонаи мазкур тибқи  технологияҳои муосир  дар масоҳати 3600 метри мураббаъ сохта шуда, аз биноҳои маъмурӣ ва ёрирасон, сехи истеҳсоли пахтаи гигроскопии сафедкардашуда, сехи истеҳсоли маҳсулоти тайёри пахтагини тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ  иборат мебошад.

Хатҳои технологии интихобшуда ба технологияи  муосири истеҳсолии саноати фарматсевтӣ мансуб буда, тавассути онҳо  маҳсулоти аз љиҳати экологӣ тоза, ба саломатии инсон  безарар,  бидуни моддаҳои  хлордорӣ,  истеҳсол карда мешавад.

Дар корхонаи мазкур зиёда аз 70 нафар коргарон дар як баст ба кор ҷалб гардида, иқтидори  корхона коркарди  2 000 кг пахта дар як шабонарўз ва дар як сол зиёда аз 600 тонна мебошад. Дар маљмўъ маҳсулоти тайёри бастубандкардашуда дар як сол зиёда аз 25 млн. ададро ташкил менамояд.

Инчунин, бояд қайд намуд, ки моҳи ноябри соли 2018  дар  мавзеи “Канаск”-и деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар назди корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” баъди таъмири бино ва васли таҷҳизотҳои зарурии истеҳсолӣ барои коркард ва бастубанди гиёҳҳои шифобахш фаъолияти худро оғоз намуд.

Қобили зикр аст, ки дар табиати биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки онҳо ба саломатии инсон хеле манфиатовар мебошанд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чандин корхонаҳои хурду калони вобаста ба коркарди гиёҳҳои шифобахш ба фаъолият оғоз намуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба коркарди гиёҳҳои  шифобахш сармашқи кори худ қарор дода,  тамоми талошу кӯшиши хешро дар ин самт равона хоҳад сохт.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,013
  • 1,263
  • 842,762