Истифодаи хуч дар тибби қадим ва муосир

Истифодаи хуч дар тибби қадим ва  муосир
Сентябр 21
13:16 2020

Тибби  қадимаи  форсу тоҷик   яке  аз  бойтарин  ва  қадимтарин  шохаи  тибби  ҷаҳонӣ  ба  ҳисоб  меравад  ва  он  бо  сарчашмаҳои  аввалини  худ, аз ҷумла бо  шоҳасарҳои  беназири  Абӯалӣ ибни Сино ва  Муҳаммад Закариёи Розӣ дар  ганҷинаи  тамаддуни  башарият  мақоми боифтихор ва  арзандатаринеро  ишғол  менамояд.

Бояд гуфт, ки аввалин  сарчашмаҳои  хаттӣ  доир  ба  усулҳои воситаҳои табобатӣ ва  чӣ  тавр  пешгирӣ намудани  бемориҳо дар  каломи  дини  зардуштӣ-Авесто сабт гардидаанд.

Тибқи иттилои сарчашмаҳои таърихӣ, дар  замони  Сосониён  дар  шаҳри  Гундишопур  мактаби  тиббӣ  ташкил  шуда  буд, ки  он  таърихи илми  тиб бо номи  академияи  Гундишопур  машҳур  аст. Инчунин, дар  замони давлати Сомониён илми  тиб  ва  биология хеле  ривоҷу  равнақ ёфтанд. Дар ин давра дар  шаҳрҳои  Рай ва  Марв табобатхонаҳои дорои  шӯъбаҳои гуногун  дарҳои  худро ба  рӯи  мардум  кушода  буданд. Дар  он  замон аз  растаниҳои шифобахш васеъ  истифода  мебурданд, ки яке  аз онҳо ин хуч ё гулхор (шиповник) мебошад, ки фоида  ва тарзи истифодаи онро пешкаши  хонандагон мегардонем.

Бояд гуфт, ки дар  замони  Сомониён  боғбонҳо хучро  дар  боғу ҳотаҳои худ  парвариш мекарданд. Хуч бо номи насрин ва настаран машҳур  аст, ки  миҷозаш  гарм  ва  хушк аст. Аввали  баҳор  гул  мекунаду  моҳи август  мева  медиҳад. Хуч  ҳамчун  растании шифобахш  ба ҳисоб  рафта,  аз  замонҳои қадим  то  ба  имрӯз  маълум   аст.  Табибони Дунёи  Қадим  фоидаи  онро тавсиф  кардаанд.  Масалан,  Буқрот  (асрҳои 1V-V –и то  милод) хучро  давои  газаки  заҳрадон  (талхадон) ҳисобидааст.  Яке  аз  асосгузорони тибби  шарқ  Закариёи Розӣ  навиштааст, ки  мардуми  Хуросон  ҷӯшобаи  хучро дар  ҳолатҳои  мондашавии  бадан  истеъмол  менамуданд.  Ба  гуфти  Абурайҳони Берунӣ  пашмаки  даруни меваи  хуч  барои  гулӯ  зарар  дорад  ва  бинобар  ин онро  пеш  аз  истеъмол  тоза  кардан  зарур аст. Ҳаким  Абӯалӣ ибни  Сино чунин  мешуморад, ки гул  ва  меваи  насрин  ба  бемориҳои  асаб  давои  хуб  аст.  Агар  равғани  хучро  ба  гӯш  бичакконанд,  кирми  гӯшро  мекушад  ва  ғуввосу  ҷарангоси  онро нест  мекунад,  ҳамчунин  дарди  дандонро  таскин  медиҳад. Меваи  насрин  балғамовар  аст  ва  фасоди  биниро ба  берун  хориҷ  мекунад. Ба  андешаи  Абӯалӣ ибни Сино,  насрини  худрӯй  ба  дарди  сар  даво  бахшида,  омоси  гулу  ва  бодомакҳои кому  узвҳои  баданро  пешгирӣ мекунад.

Истифодаи  хуч ё насрин  дар тибби  халқии  тоҷикон низ  машҳур  аст.  Дар  ҳудуди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  18  намуди  хуч инкишоф  меёбад, ки 15 намудаш  худрӯй мебошад. Хуч  буттамеваи  пурқимат  буда,  дар  таркибаш  моддаҳои  пектинӣ (полисахаридҳо) витаминҳо,  оҳан, ҷавҳари  органикӣ, моддаҳои  даббоғӣ,  гликозидҳо, флаваноидҳо,  равған  ва  ғайраҳо  дорад.

Мардуми мо  дар  рӯзгор  ва  истеҳсолот  хучи  тару  тоза  парварида ва  хушконидаи онро  барои  сервитамин гардонидани маҳсулоти  қаннодӣ  истифода  мекунанд. Аз  меваи  хуч  афшура, шарбат, муррабо, ва  мармилод  тайёр  мекунанд.

Дар  саноати  озуқа  аз  хуч  меваҳои  серғизо  омода  мекунанд. Дар  соҳаи  дорусозӣ аз он шарбат ва қиёми обакӣ  истеҳсол менамоянд. Меваи  хушки  онро  дар  қуттиҳо  гузошта, мавриди  истифодаи  халқ қарор медиҳанд, ки  ҷавобгӯи  стандарти ҷаҳонӣ  мебошад.

Хучи  тару  тозаро  дар  ҷои  соя, дар  ҳарорати  80-90оС  мехушконанд, ки ранги  сурхи  банур  мешавад  ва мӯҳлати  истифодааш  то ду  сол  мебошад. Ҷамъоварии  меваи  хуч  охири  тирамоҳ  ва  аввали  зимистон  мебошад. Шахсоне, ки  аз  норасогии витаминҳо  ва  бемадорӣ  танқиси  мекашанд,  метавонанд  ҳамарӯза  шарбати  хуч  истеъмол  намоянд:  дар  зарфи  сирдор ё  шишагини  сарпӯшдор  20 гр. хучро  дар  200гр. оби ҷӯш  10  дақиқа  меҷӯшонанд  ва  як  шабонарӯз  нигоҳ  медоранд (дар як литр оби ҷӯш  100 гр. хуч), сипас  аз  дока полоиш  дода,  соф  мекунанд  ва  ҳар  рӯз  як  истаконӣ  2-3 маротиба  менӯшанд.

Ҳамзамон, хучобро  бо  омехтаи  дигар  меваҳои хушк:  себ, нок, зардолу, олу-болу  ва ғайраҳо  метавон  тайёр кард. Барои  тайёр  кардани моқут (кисель)   хучро  майда  реза  намуда  20 дақиқа меҷӯшонанд  ва  онро  аз докаи  сеқабата  мегузаронанд  то, ки мӯякҳо нагузаранд. Сипас,  ба он  қандоби  ҷӯшондагӣ, ҷавҳари лиму  ҳамроҳ  мекунанд  ва  боз то ҷӯш  омадан гарм  менамоянд. Орди  картошкаро бо  оби  сард  омехта  карда,  то  тайёр  шуданаш  мекобанд  ва  сипас ба  кисели  хуч  ҳамроҳ  мекунанд.

Маҳсулоти  хуч ба  ҷисми  инсон  таъсир  расонида, иммунитети  баданро  баланд  намуда, аз  бемориҳои  гуногун  ва  заҳролудшавӣ ҳифз  менамояд.  Шахсоне, ки  гирифтори  камхунӣ, хуншории беисти  ҳайз, бемадорӣ, атеросклероз,  дарди  шикам, варами ҷигару  талхадон, бемориҳои  асаб, бемории сил, зуком, газаки  роҳҳои  нафас, санги  гурда  ва  роҳҳои  пешоббарор, исҳоли  хунин,  авитаминоз, бемориҳои пӯст ва ғайраҳо ҳастанд, метавонанд аз маҳсулоти хуч истифода баранд.

Дар кӯҳистони Тоҷикистон навъҳои сервитамини хуч мерӯянд, ки ин сарвати бебаҳои  табиати мост. Мутаассифона, аз ин сарват самарабахш истифода намебарем ва онҳоро решакан  карда ҳезум мекунем. Дар мавриди  муносибати  оқилона  метавонем  аз меваи хуч чандин намуди  дору ба даст оварем ва дар  соҳаи озуқа фаровон истифода барем.

Нарзуллоев Н.Ф., мудири кафедраи фанҳои 

морфологии  Муассисаи давлатии

“Коллеҷи тиббии  ҷумҳуриявӣ”

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,229
  • 1,168
  • 841,715