Татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022» пурзӯр мегардад

Татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022» пурзӯр мегардад
Сентябр 25
09:12 2020

«Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022» бо мақсади тарғиби танзими оила дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасониҳои репродуктивии аҳолӣ, беҳтар намудани саломатии занон, тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҷалб намудани шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати таъмини молиявии муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидан бо техника ва технологияи муосир ва таъмини муассисаҳои тиббӣ бо  маводи контратсептивӣ, омӯзонидани кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти солимии репродуктивӣ, фаъолкунии идорасозии таъминот ва тақсимоти маводи пешгирандаи ҳамл, таҳияи маводи иттилоотӣ-маърифатӣ ва баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ таҳия карда шудааст. Бояд гуфт, ки вазифаҳои барнома аз ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии репродуктивӣ, паст намудани фавти модарон, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо техника ва технологияи муосир, беҳтар намудани вазъи молиявии муассисаҳои тиббӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимии зарурӣ ҷиҳати самаранок баргузор намудани дарсҳои таълимӣ вобаста ба солимии репродуктивии аҳолӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки 18 декабри соли 2019 бо иштироки аъзоёни гурӯҳи байниидоравӣ, намояндагони Парлумони кишвар, вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва роҳбарони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе роҳбарони муассисаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ мизи мудаввар доир гардид.  Дар чорабинии мазкур ҳисобот оид ба иҷрои “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022” дар соли 2019 ва инчунин лоиҳа оид ба Нақшаи чорабиниҳо оиди татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019 – 2022» дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар соли ҷорӣ тибқи нақшаи ҳамкориҳо бо фармоиши Вазорати  тандрустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади баланд бардоштани  маърифати тиббии  аҳолӣ  тариқи ВАО як қатор барномаҳо бо иштироки мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази миллии солимии репродуктивӣ” баргузор карда шуданд.

Ҳамзамон, якчанд  маъракаҳои иттилоотӣ  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ, хусусан ҷавонон дар вилояти Суғд (шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Панҷакент, Конибодом), вилояти Хатлон (ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Ш. Шохҳин) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Роғун, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав), инчунин дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хобгоҳи №1 ва №7, дар толори  таълимии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  ва Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази миллии солимии репродуктивӣ” дар мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз қабили  пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ  гузаранда суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯён гузаронида шуд. Дар ин чорабиниҳо ҷамъ 3000 нафар иштирок намуданд.  Инчунин,  255 вохӯрӣ дар байни  маҳаллаҳо гузаронида шуда, мувофиқи   нақшаи   чорабиниҳо оид ба корҳои  тарғиботию  фаҳмондадиҳӣ  ҷиҳати  пешгирӣ  аз бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ 10 вохӯрӣ гузаронида шуд, ки шумораи дар ин вохуриҳо иштирок намуда 11697  нафарро  ташкил дод.

Бояд гуфт, ки аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии “Маркази миллии солимии репродуктивӣ” 3 намуд  варақаҳои иттилоотӣ  оид ба  “Пешгирии ҳамл дар марҳилаи баъди таваллудӣ”, “Маводҳои  ҳозиразамони  ҳамли номатлуб”  ва  “Нишонаҳои хатарнок ҳангоми  ҳомиладорӣ ва марҳилаи  баъдитаваллудӣ” омода ва бо дастгирии  Хазинаи нуфуси аҳолии СММ 20 000 дона чоп ва ба аҳолӣ дар вақти вохӯриҳо тақсим гардида истодаанд.

Инчунин, барои кормандони соҳа  протоколҳо оид ба хунравӣ, ҳолатҳои гипертензивӣ, зоишҳои физиологӣ, усулҳои муосири контрасептивии назорат  ва  нигоҳубини  антенаталӣ  таҳия ва тасдиқ карда шуданд.

Бо мақсади иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз соли 2013, №954  дар 21 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Панҷ, Шаҳритуз, Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ), вилояти Суғд (Исфара, Б.Ғафуров, Панҷакент, Айнӣ, Истравшан) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Ҳисор ва Рудакӣ) суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шахсони мутасаддие, ки дар ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила фаъолият мекунанд, омӯзиш гузаронида шуд.

Ҷиҳати боздиди барномаи таълимии момодояҳо мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2017, № 359 гурӯҳи корӣ оид ба аз нав дида баромадани нақшаи таълимӣ ва барномаҳои таълимии ихтисоси “Кори момодоягӣ” барои коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ таъсис дода шуд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, коллеҷҳои тиббии шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб марказҳои таълимӣ-иттилоотии омӯзиши фосилавии банақшагирии оила ташкил карда шуд. Марказҳои мазкур ба компютерҳо ва  принтерҳо таъмин карда шуда, бо шабакаи интернетӣ пайваст мебошанд. Барои самаранок гузаронидани давраҳои такмили ихтисос 4 адад таҷҳизоти симулятсионӣ барои коллеҷи ҷумҳуриявӣ, коллеҷҳои тиббии вилоятҳои Хатлон ва Суғд дастрас карда шуданд. Инчунин, 2 адад муляжи симулятори таваллуд, 1 адад модели гинекологӣ, 2 адад модел барои гузоштани васоити дохилибачадонии зиддиҳамл, 100 адад китобҳои таълимии банақшагирии оила, 100 адад маҷмуи тавсияҳои амалӣ оид ба истифодабарии васоити зиддиҳамл, 1 маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ, 1 адад вакуум экстрактор (бо маҷмуи асбобҳояш – найчаҳои силиконӣ, обполо, косача), 100 адад айнакҳои ҷарроҳӣ ва 1 адад оксигенератор барои кафедраи “Момоӣ ва бемориҳои занона”-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас карда шуданд.

Бояд гуфт, ки тамоми тадбирҳои дар ин самт андешидашуда бо мақсади омӯзонидани кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти солимии репродуктивӣ, фаъолкунии идорасозии таъминот ва тақсимоти маводи пешгирандаи ҳамл, таҳияи маводи иттилоотӣ – маърифатӣ ва баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, тарғиби танзими оила дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани дастрасии сифатнок ва самараноки хизматрасониҳои репродуктивии аҳолӣ, беҳтар намудани саломатии занон, паст намудани фавти модарон, тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, инчунин,  баланд  бардоштани  сатҳи  иттилоотию  маърифатнокии тиббии аҳолӣ, алалхусус ҷавонон дар  масъалаҳои солимии репродуктивӣ мебошанд, ки дар оянда низ дар ин самт фаъолият пурзӯр карда хоҳад шуд.

 

 

Директори Муассисаи давлатии

Маркази солимии репродуктивӣ                                                  

Мунира Ғанизода 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 951
  • 1,168
  • 841,437