Хуҷанд: Суръати корҳо дар маркази хизматрасонии тиббӣ тақвият меёбанд

Хуҷанд: Суръати корҳо дар  маркази хизматрасонии тиббӣ тақвият меёбанд
Сентябр 25
09:48 2020

Ҳифзи солимии аҳолии мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани он аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат як қатор барномаву стратегия ва дигар санадҳои муҳим қабул ва амалӣ гардида истодаанд.

Дар заминаи дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд марказҳои хизматрасонии хусусии тиббӣ фаъолияти назаррас дошта, ҳамзамон бунёди боз якчанд марказҳои хизматрасонии соҳаи тандурустӣ бомаром идома дорад.

24 сентябри соли равон Раиси шаҳри Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода аз раванди корҳои сохтмонии маркази хизматрасонии тиббӣ дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри мазкур дидан намуд. Иншоот бо саҳми соҳибкори ватанӣ Шуҳрат Юлдошев бунёд шуда, аз 5 ошёна иборат мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби КФД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Хуҷанд амалӣ гардидааст. Корҳои бунёдии иншоот асосан анҷом ёфта, кор дар самти дохили иншоот ва тарҳи намои он бомаром идома дорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо молики иншоот супориш дод, ки раванди сохтмон ва сифати онро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад ва зимни бунёди он ба унсурҳои сохтмони миллӣ эътибори дода шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 1,084
  • 1,168
  • 841,570