Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19

Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19
Октябр 07
16:02 2020

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир шуд.

Дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самариддин Ализода, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини соҳаи тандурустӣ, олимони соҳаи тиб Алишер Мухторов ва Эркин Раҳмонов иштирок доштанд.

Нахуст доир ба вазъи соҳаи тандурустии вилоят сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода гузориш дод. Таъкид карда шуд, бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, баҳри табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Новобаста аз чораандешиҳо бархе аз шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштиро риоя накарда, бидуни ниқобҳои муҳофизатӣ гаштугузор менамоянд. Ин ҳолат боиси нигаронӣ буда, бояд ҳар як нафар барои ҳифзи саломатии худу атрофиён масъулияти бештар эҳсос намояд.

Зикр гардид, ки бо супориши Раиси вилоят аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи тиб гуруҳҳои корӣ ташкил карда шуда, барои омӯзиши вазъ ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар шуданд. Дар натиҷаи таҳлилҳо муайян гардид, ки бархе аз сокинон нисбати саломатии худ бепарво буда, ҳолатҳои риоя нашудани фосила, надоштани ниқобҳои тиббӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, бозору марказҳои савдо ба қайд гирифта шудааст.

Раиси вилоят бори дигар ба масъулини ниҳодҳои марбута барои ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ супоришҳо дода, таъкид кард, ки корҳои безараргардонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тақвият бахшида шавад. Дар зимн табибони оилавӣ низ вазифадор гардиданд, ки назоратро дар маҳал пурзӯр намуда, нафарони беморро сари вақт ба табобат фаро гиранд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самариддин Ализода бо таҳлили вазъи мавҷуда иброз дошт, ки масъулин бояд дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 223
  • 1,263
  • 841,972