Cуғд: Чорабинии оммафаҳмонӣ бо мақсади пешгирии бемории COVID-19

Cуғд: Чорабинии оммафаҳмонӣ бо мақсади пешгирии бемории  COVID-19
Октябр 14
13:54 2020

Ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси нави covid-19 корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз тарафи кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд ба таври доимӣ идома дошта, дар ин самт пайваста мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки мутахассисони соҳа дар байни аҳолӣ гузаронида  мешаванд.

Чунин як мулоқоти судманд имрӯз, 14 октябри соли равон  дар як қатор муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои хизматрасони  шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, оид ба пешгирии бемории короновирус ба сокинон маълумотҳои зарурӣ расонида шуд ва инчунин ба аҳолӣ ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим  гардид.

Ҳамзамон, дар маркази савдои “Афросиёб” ва майдони Регистони бозори Панҷшанбе зимни гузаронидани чорабинии муфид оид ба истифодаи ниқоб ва маводи антисептикӣ бо сокинон роҳҳои пешгирӣ аз  ин бемориҳои сироятӣ фаҳмонида шуда, беш аз 500 адад ниқоби тиббӣ ва 1000 адад варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим  дар вилояти Суғд Зуфнунахон Хоҷаева зимни суҳбат таъкид намуд, ки истифодаи ниқобҳои тиббӣ ҳатмӣ мебошад ва мо зимни гузаронидани мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон зарурати истифодаи  ниқоб, маводи антисептикӣ ва роҳҳои пайдоиши бемориҳои сироятиро мефаҳмонем. Мулоқотҳои мо бо аҳолӣ ба таври доимӣ идома дошта, баргузории онҳо дар шаҳру навоҳии вилоят низ тибқи нақша ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки чунин як мулоқот дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №16, 3, гимназияи “Кавсар”, мактаби хусусии “Паймон” низ гузаронида шуда, ба ронандагони  нақлиётҳои чамъиятӣ низ варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббӣ ройгон тақсим карда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,036
  • 1,263
  • 842,785