Татбиқи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020

Татбиқи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020
Октябр 15
11:06 2020

Ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, саҳми он дар беҳтар намудани саломатии маъюбон бағоят калон мебошад.

Тавонбахшӣ ба кӯдакони дорои маъюбият имкон медиҳад, ки онҳо дар  оянда  мустақилона  зиндагӣ  намуда,  дар  ҷомеа  ҳамчун як шахси тавоно иштирок намоянд.

Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 26 декабри соли 2018 дар паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии  табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробон монда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ  таваҷҷуҳи  хос  зоҳир намуда, дар ин самт  тадбирҳои  саривақтиро  амалӣ  карда  истодаем».

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи шахсони имконияташон аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  28 октябри соли  2016, № 455 Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 қабул гардид. Мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб ва фароҳам овардани муҳити мусоид ба шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 ва бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳа, инчунин, фароҳам овардани хизматрасониҳои муосири тавонбахшии тиббию-иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Ҷопон мутахассиси дараҷаи байналмилалии тавонбахшӣ Киношита  Юкаро ба ватан даъват намуд.  Мутахассиси ҷопонӣ давоми соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахши кудакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб» ба кормандони соҳаҳои тиб ва иҷтимоӣ усулҳои муосири хизматрасонии тиббию иҷтимоиро аз ҷиҳати илмию амалӣ  омӯзонид.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо иштироки Киношита Юка байни кормандони муассиса дар мавзӯъҳои гуногун бо истифода аз усулҳои замонавии тавонбахшӣ зиёда аз 40 маротиба семинар ва машваратҳои омӯзишӣ баргузор гардид. Инчунин, бо дастгирии  мутахассиси ҷопонӣ бо истифода аз адабиётҳо, шабакаҳои интернетӣ, таҷрибаи корӣ, корҳои компютерӣ, тарҷума ва таҳлилу ҷобаҷогузорӣ дар мавзӯъҳои зерин презентатсияҳо гузаронида шуд: фалаҷи  кӯдаконаи  майнаи сар (диплигия, тетроплигия, хемоплигия), инкишофи кӯдак аз давраи навзодӣ  то якуним солагӣ, инкишофи кӯдак аз 1,6 то 5 солагӣ, «спина бифида», бемории  дауна, тавонбахшии  модару кӯдак, полиомелит, дистрафияи мушакҳо, захми бистар (пролеж), аутизм, эпилепсия, атаксия, бо расм пешниҳод намудани машқҳои тавонбахшӣ, фаъолияти ҳамарӯзаи кӯдакони дорои маъюбиятдошта, заҳролудшавӣ аз маводҳои дизенфиксионӣ, таҳлил ва истифодаву андозагирии асобағал, фарогирии кӯдакони имконияташон  маъюб ба синфхонаҳои инклюзивӣ ва ғайра…

Бо мақсади фаро гирифтан  ба  тавонбахшии тиббию-иҷтимоии  кӯдакони  маъюб ё зери хавфи маъюбӣ  қарордошта Муассисаи давлатии “Маркази миллии   тавонбахшии  кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар  ноҳияи Варзоб”  соли  2019 тибқи  роҳхатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба 480  нафар  кӯдакони маъюб аз тамоми  вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат хизмати тавонбахшии  тиббию –иҷтимоӣ расонидааст.

Ҳамзамон, бо мақсади татбиқи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 аз ҷониби мутахассиси ҷопонӣ Киношита Юка ва мутахассисони муассиса таъмини маҷмӯи сифат ва стандарти хизматрасониҳои ройгон ва аз ҷиҳати арзиш дастрас ба барномаҳои ҳифзи тандурустӣ барои маъюбон ва эҳтиёҷмандон расонида мешаванд. Дар ин раванд, намудҳои зерини тавонбахшии тиббию-иҷтимоӣ: маҳси умумии  бадан, физиотабобат, механотерапия, табобати ҷисмонӣ бо воситаи  об, табобати ҷисмонӣ  ба воситаи мусиқӣ  ва рақс,  табобат бо воситаи лойкорӣ, кор бо хамир, расмкашӣ, табобати мутахассис оид ба нутқ барои мустаҳкам кардан  ва дуруст равона кардани нутқ, табобат бо воситаи меҳнат (арттерапия) сохтан, дӯхтан (гулдӯзиҳо, кор бо муҳраҳо), гиёҳдармонӣ (аз гиёҳ ва алафҳои шифобахши ватанӣ) бозиҳои шавқовар, ҳуҷраи сенсорикӣ, дарсгузаронӣ, иппотерпия-табобат бо воситаи асп, кор бо волидайн, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, тренинг ва баргузор намудани семинарҳо оид ба масъалаҳои тавонбахшӣ ба кӯдакони  маъюб  расонида  шуданд.

Танҳо давоми соли 2019 дар муассиса ду намуди нави табобати инноватсионии кори иҷтимоӣ бо кӯдакони имконияташон маҳдуд   “мусиқидармонӣ”  ва “иппотерапия” (муолиҷа тавассути асп) ҷорӣ карда шуд. Намудҳои табобати мазкур барои бедор намудани ҳиссиёти  мушакҳои бадан, инкишофи  ақлонӣ ва  беҳтар намудани ҳаракатҳои хурд ва иппотерапия ба бадани кӯдаки бемор якбора ду омили пурқувват: биомеханикӣ ва омили психогенӣ таъсир мекунанд.

Бояд қайд кард, ки дар охири ҳар бахши  тавонбахшӣ  модарон мустақилона бо иштироки кормандони иҷтимоӣ машқҳои тавонбахширо  анҷом дода, ҳамзамон, дар ҷойи зист идома додани машқҳо аз ҷониби мутахассисон ба волидони кӯдакони маъюб тавсияҳо дода мешавад.

Омӯзонидани модарони кӯдакони маъюб бо усулҳои маъмули тавонбахшӣ дар шароити хона аз ҷониби  мутахассисони ботаҷриба имкон медиҳад, ки модарон бо кӯдакони имконияташон маҳдуд  мустақилона кор бурда, бо ин васила солимгардонии  онҳоро  таъмин  намоянд.

Роҳбарият ва кормандони Маркази миллии тавонбахши кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб» минбаъд низ баҳри солимгардонии кӯдакони маъюб, дар амал ҷорӣ намудани усулҳои нави тавонбахшӣ беҳтар намудани хизматрасониҳои  иҷтимоӣ, санитарӣ, шароити хуби нигоҳдорӣ, тарбия ва зиндагии арзанда барои  кӯдакони маъюб тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳанд сохт.

Директори  Муассисаи давлатии “Маркази  миллии  

тавонбахшии  кӯдакони маъюб  «Чорбоғ»   дар  ноҳияи  Варзоб”  Маҳмадулло  Қосимов    

(Акс аз бойгонии Moh.tj)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 172
  • 1,263
  • 841,921