Мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ роҳҳои ташхиси бемории COVID-19- ро меомӯзанд

Мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ роҳҳои ташхиси бемории COVID-19- ро меомӯзанд
Октябр 21
15:55 2020

Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи миллии референсӣ 19 октябри соли равон Иммануэл Лейфер, мутахассиси лоиҳаи “Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ” ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ ташриф овард.

Тавре директори Озмоишгоҳи миллии референсӣ Баҳодур Холназаров зимни суҳбат ба moh.tj иброз дошт, ҳадаф ва мақсади ташрифи мутахассиси олмонӣ ба Тоҷикистон, дар самти ташхис ва табобати гирифторони бемории COVID-19 табодули таҷриба бо мутахассисони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон, махсусан бо мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба шумор меравад.

Ҳамзамон, Иммануэл Лейфер, мутахассиси лоиҳаи “Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ” 3 ҳазор тестҳои ташхисӣ барои омӯзиш бо худ овардааст, ки дастраси Озмоишгоҳи миллии референсӣ карда шудаанд.

Дар навбати худ Иммануэл Лейфер иброз намуд, ки пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар ташхиси бемории COVID-19 кӯмаки хешро хоҳад расонид.

Бояд гуфт, ки давраи омӯзишии Иммануэл Лейфер, мутахассиси лоиҳаи “Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ” бо мутахассисони  Озмоишгоҳи миллии референсӣ то 2 ноябри соли равон дар назар дошта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,141
  • 1,168
  • 841,627