Абӯалӣ ибни Сино ва нақши он дар тибби ҷаҳонӣ

Абӯалӣ ибни Сино ва нақши он дар тибби ҷаҳонӣ
Октябр 23
12:25 2020

“Табибу бемор барои ҳосил кардани тафоҳуми комил ниёзманди як забони муштараки бисёр буррои тиббианд. То бо ёрии он табиб донишу маҳорат ва бемор дарди худро ба хубӣ ба якдигар муҳокима карда тавонанд. Табибе, ки инсоншинос нест, забони бемори худро хуб намедонад ва ба аъмоқи қалби ӯ сар дароварда, аз ҳоли олами ботинии ӯ огоҳи пайдо намекунад, аз донишу маҳорати ӯ чӣ суд?”

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино

Соли 2020 аз тавлиди яке аз чеҳраҳои илму адаб ва заминагузори ташаккули илми тибби ҷаҳонӣ Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино 1040 сол сипарӣ мегардад.

Абӯалӣ ибни Сино  дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олим ва адиб эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии ӯ аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам бо забони арабӣ ва ҳам бо забони тоҷикӣ эҷод намудааст. Аз рӯйи таҳқиқ ва ҳисоби донишмандон,  миқдори асарҳои Абӯалӣ ибни Сино, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 адад мерасад, ки аз ин теъдод то замони мо танҳо 274 рисолаи илмӣ маҳфуз мондаанд. Бояд гуфт, ки ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан, 150 рисола дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар ба илми тиб мансубанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои “Ал-Шифо” ва “Ал-Қонун фит-тиб” ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон маҳсуб меёбанд.

Қобили зикр аст, ки  23 асари Абӯалӣ ибни Сино бо забони тоҷикӣ эҷод шудаанд. Асарҳои Абӯалӣ ибни Сино аз ҷиҳати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошанд. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил-вал-маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузоштаанд.  Тамоми асарҳои Абӯалӣ ибни Синоро метавон ба 4 гурӯҳ тақсим кард:

  1. Асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ;
  2. Асарҳо доир ба тиб;
  3. Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ;
  4. Асарҳо доир ба забону адабиёт ва санъат.

Бисёре аз асарҳои Абӯалӣ ибни Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Дар воқеъ, Абуалӣ ибни Сино бузургтарин донишманди замони худ аст. Ӯ ҳамчунин дар замони худ  донандаи хуби илмҳои ситорашиносӣ, кимиё, геология, мантиқ, математика, физика ва фалсафа буд.

Маврид ба зикр аст, ки Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ низ  саҳми ниҳоят арзандае гузоштааст. Махсусан, дар таърихи тамаддуни башарӣ ба монанди китоби “Ал-Қонун-фит-тиб”-и Абӯалӣ ибни Сино кам китобҳоеро дидан мумкин аст, ки садсолаҳо ва ҳатто аз он беш ба оламиён сарфи назар аз тафовути забону миллат, расму ойин, дину мазҳаб, нажод ва ғояву ҷаҳонбинӣ  хизмат карда бошад.

Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим гиёҳдармониро чун василаи самарабахши табобати бемориҳои гуногун истифода мекарданд. Донишмандон тоҷик ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абумансури Муваффақ, Ҳаким Майсарӣ ва дигарон бо рӯзгору осори пурбаҳои худ пойдевори соҳаи тибро гузошта, асоси рушди гиёҳдармониро ба вуҷуд овардаанд. Шоҳасарҳои ин бузургон, аз ҷумла “Ал-Қонун-фит-тиб”-и Абӯалӣ ибни Сино, “Донишнома”-и Ҳаким Майсарӣ, “Гиёҳнома”-и Абумансури Муваффақ, “Тиб”-и Юсуф Ҳусайни Шерозӣ илми тибро ба пояи баланд расонида, онҳо то имрӯз китоби рӯйимизии донишмандони соҳа дар тамоми ҷаҳон мебошанд. “Ал-Қонун-фит-тиб”- и Абуалӣ ибни Синоро, ки имрӯзҳо нусхаи асли он дар яке аз осорхонаҳои шаҳри Лондон нигаҳдорӣ мешавад, метавон яке аз китобҳои гаронарзиш ва нодири соҳаи гиёҳдармонӣ донист. Дар қисми дуюми ин асар, Абӯали ибни Сино дар бораи 810 маводи доруӣ маълумот додааст, ки 376-тои онҳо маводи доруии гиёҳӣ мебошанд. Ҳамзамон, номбурда фармудааст, ки ин гиёҳҳоро метавон аз минтақаҳои кӯҳистон пайдо намуд. Тахминан мешатон гуфт, ки манзури Абӯалӣ ибни Сино аз кӯҳистон ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон аст, зеро дақиқан кишвари азизи мо кӯҳистон аст ва қариб тамоми гиёҳҳои давоӣ дар ин ҷо мерӯянд.

Бо мақсади ба роҳ мондани табобати гиёҳдармонӣ пас  аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсати созандаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи гиёҳдармони таваҷҷуҳи махсус зоиҳр намуд. Аз ҷумла дар ин давра дар кишвар як қатор корхонаҳои коркарди гиёҳҳои шифобахш сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, дар тамоми муассисаҳои тандурустии кишвар гӯшаи гиёҳдармонӣ ташкил карда шудааст, ки беморон метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд.

Маврид ба ёдоварист, ки  мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №753 “Дар бораи рӯзҳои ид”, Фармони раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1994, №229 “Дар бораи ид кардани зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ – “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, яъне 18 август ҳамасола дар Ҷумҳурии  Тоҷикитсон ҳамчун  “Рӯзи кормандони тиб” таҷлил  карда мешавад.

Суғдмеҳри Маъруфзод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 967
  • 1,263
  • 842,716