Ба 51172 нафар кӯдак амалиёти хатнаи ройгон гузаронида шуд

Ба 51172 нафар кӯдак амалиёти хатнаи ройгон гузаронида шуд
Октябр 27
07:38 2020

Имрӯзҳо дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи  тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 694 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил  гардида, ҳамзамон давоми 9 моҳи соли 2020 ба 51172 нафар  кӯдакон амалиёти  хатна  ба  таври  ройгон  гузаронида  шудааст.

Ташкил гардидани ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ва гузаронидани амалиёти хатна ба таври ройгон, маҳз зери фаъолияти густурдаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароҳ монда шудааст.

Иқдомоти мазкур бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 августи соли 2017   рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин доира, инчунин  фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018   оид ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон», аз 18 майи соли 2018   “Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирию омори соҳавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон” ва аз 2 июли соли 2018   “Дар бораи тасдиқ намудани рӯйхати таҷҳизоти зарурӣ барои ҳуҷраҳои хатнаи кӯдакон” ба тасвиб расида, айни ҳол амалӣ шуда истодаанд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,042
  • 1,263
  • 842,791