Суғд: Беморони саратон табобати нурӣ мегиранд

Суғд: Беморони саратон табобати нурӣ мегиранд
Октябр 27
14:30 2020

Дар партави таваҷҷуҳ ва дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ дар мамлакат рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа-ин таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири тиббӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандони кишвар мебошад.

Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта, чанде қабл бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ба Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дастгоҳи нави нуршифоӣ тақдим карда шуд.

Пас аз маросими супоридани таҷҳизоти мазкур бо директори Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, номзади илмҳои тиб Бахтиёр Орифов  роҷеъ ба зарурату мусоидати табобати гирифторони бемории саратон баъди насби ин таҷҳизот ва дигар паҳлуҳои фаъолияти маркази мазкур суҳбати тахассусӣ анҷом додем:

Муҳтарам Бахтиёр Орифов, лутфан бигӯед, ки насби таҷҳизоти нуршифоӣ дар Маркази саратоншиносии вилоят то чӣ адоза метавонад, ки мушкилоти  беморони саратонро осон намояд?

-Сараввал ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайвастаашон нисбат ба соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Бояд гуфт, ки воқеан ҳам соҳиб шудан ба ин гуна дастгоҳи наву замонавӣ орзуи деринаи кулли кормандони маркази мо буд, ки хушбахтона, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  он амалӣ гардид. Таҷҳизоти нуршифоие, ки ба маркази мо тақдим гардид, дар кишвар дуюмин таҷҳизот мебошад, ки гирифторони бемории саратонро аз харҷу марҷҳои зиёд наҷот дод. Махсусан, то ин  дам барои табобати  нуршифоӣ бархе беморони саратон дар вилоят маҷбур буданд то ба  пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва кишварҳои хориҷӣ сафар кунанд, ки ин  албатта  сарфи зиёди вақт ва маблағро талаб мекард. Акнун беморони саратони вилоят метавонанд бо сарфи ками вақт ва маблағ табобати нуршифоӣ бигиранд, ки ин албатта худ як дастоварди назарраси соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.

Дар бораи корҳои муолиҷавии марказ чанд сухан мегуфтед!?

-Қайд кардан ба маврид аст, ки давоми 9 моҳи соли равон 838 нафар гирифторони бемории саратон ба қайд гирифта шуданд, ки ин ҳолат нисбати 9 моҳи соли 2019 зиёда аз 50 ҳолат кам мебошад. Дар ин радиф, теъдоди бистаришудагон низ дар давраи ҳисоботӣ назар ба 9 моҳи соли 2019 наздик ба 25% кам гардидааст.

Дар маҷмӯъ, айни замон дар маркази мо зиёда аз 7000 нафар бо бемориҳои гуногуни саратон дар қайд қарор доранд, ки дар ҷойи аввал саратони ғадуди ширӣ, ҷойи дуюм саратони гарданаки бачадон ва ҷойи сеюм лимофомаҳо қарор доранд.

Инчунин, дар ин давра теъдоди муроҷиаткунандагон  низ ба марказ коҳиш ёфт. Дар ин давра ба дармонгоҳи машваратии марказ зиёда аз 10 ҳазору 320 нафар муроҷиат карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли  гузашта зиёда аз 2 ҳазор кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар марказ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 205 нафар беморон кам бистарӣ шудаанд.

Дар ин давра дар марказ чӣ қадар амалиётҳои ҷарроҳӣ  гузаронида шуданд?

-Давоми 9 моҳи соли равон дар марказ 740 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд, ки аз ин ҳисоб ҷарроҳии радикалӣ 455 ҳолат (435 ҳолат дар соли 2019), полиативӣ 60 ҳолат (67 ҳолат дар соли 2019) ва ҷарроҳӣ дар дармонгоҳ 35 ҳолат гузаронида шуданд. Дар баробари ин, табобати кимёвиро низ нисбати 9 моҳи соли 2019 наздик ба 100 ҳолат зиёд кардем.

Дар охир ба хонандагони нашрияиПаёми шифочӣ гуфтан мехоҳед?

-Шарти якуми гирифтор нашудан ба дилхоҳ беморӣ, махсусан, бемории саратон ин ғамхорӣ намудан нисбат ба саломатии худ мебошад, зеро, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бепарвогии инсонҳо нисбати саломатии хеш, саривақт ба духтур муроҷиат накардан, риоя накардани истеъмоли дурусти ғизо сабабҳои асосӣ ва ҳатто шиддат гирифтани ҳар гуна бемориҳо шуда метавонанд.

Бинобар ин, ба кулли хонандагони нашрияи “Паёми шифо” муроҷиат намуда, аз онҳо даъват ба амал меорам, ки нисбат ба саломатии худ ва наздикону пайвандонашон бетаваҷҷуҳ набошанд.

Имрӯзҳо, ки бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 тамоми оламро фаро гирифтааст, пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд. Махсусан, дар ҷойҳои серодам аз ниқоби тиббӣ истифода намуда, ҳамзамон, пайваста дастони хешро бо маҳлулҳои безараргардонӣ бишӯянд.

Пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 аз ҳар яки мо вобастагии калон дорад. Пас, биёед дар пешгирии ин беморӣ  саҳми хешро бигзорем!

Ташаккур барои чунин як суҳбати самимӣ. Бо истифода аз фурсати муносиб  ба Шумо ва ба кулли кормандони Маркази саратоншиносии вилоят саломатӣ ва барору комёб орзумандем.

Суҳбаторо  М Мақсудов

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 711
  • 1,263
  • 842,460