Бо мақсади пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои марбута байни аҳолӣ, ҷавонони фаъол, донишҷӯён, омӯзгорону толибилмон, кормандони ҷамоатҳо оид ба пешгирии бемории мазкур мулоқоту суҳбатҳо гузаронида, ба онҳо маводҳои иттилоотӣ тақсим менамоянд.
Бо насби овезаҳо, тақсими варақаҳои иттилоотӣ ва ба аҳолӣ дастрас намудани ниқобҳои тиббӣ кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд шаҳрвандонро водор менамоянд, ки нисбат ба пешгирии бемории COVID-19 бетафовут набошанд ва бо риояи қоидаҳои пешгирии бемории мазкур худ, фарзандон ва аҳли ҷомеаро аз сироятёбӣ ба он эмин нигоҳ доранд.
Бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳо асосан дар ҷойҳои серодам, бозору фурӯшгоҳҳо гузаронида мешаванд то сокинон нисбат ба пешгирии ин беморӣ ҳарчи бештар маълумот пайдо кунанд.